Оғози мусобиқоти футболи хурд миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ВМКБ

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ 16 - уми июли соли равон дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ  маросими ифтитоҳи чорабинии варзишӣ, бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Кумита аз намуди футболи хурд баргузор гардид. Дар ин маросим намояндагони Ҳукумати вилоят, мудири бахши ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят, сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш дар ВМКБ иштирок доштанд.

Дар мусобиқот 13 дастаи варзишгарони сохторҳои қудратӣ иштирок менамоянд.  

       Аз номи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ варзишгаронро муовини сардори Раёсат, подполковник Сафарбек Аваз табрик намуд. Инчунин барои ғолибони мусобиқа Ҷоми 25 соли таъсисёбии Кумита гузошта шуд.

Мусобиқаи мазкур аз 15 то 22-уми июл идома мекунад, ғолибони мусобиқа дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 25 умин солгарди таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

барчасп: