Таҷлили 25-солаги Кумита дар воҳидҳои сохтории он

17 августи соли 1994 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ҳамакнун 25-солагии худро таҷлил мекунад. Ба шарафи ҷашн дар Кумита ва воҳидҳои сохтории он як силсила чорабиниҳои тантанавӣ баргузор мешаванд.

Чунончӣ, дар толори ҷаласоти Мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо иштироки Муовини якуми Раиси КҲФ, генерал-майор Рустам Шоҳиён, Раиси Ҳукумати ВМКБ  Ёдгор Файзов, Раиси шаҳри Хоруғ К. Шамирӣ, ҳамчунин иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ генерал-лейтенант А.Аламшозода ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Муовини якуми Раиси КҲФ, генерал-майор Рустам Шоҳиён ва Раиси Ҳукумати Бадахшон Ёдгор Файзов ҳозиринро ба ҷашнашон муборакбод карданд. Генерал-майор Шоҳиён Р. дар ҷараёни суханронии худ аз хизматҳои арзандаи кормандони Раёсати КҲФ дар ВМКБ  дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар қаламрави вилоят ёд кард ва ситоиш намуд. Раиси вилояти Ёдгор Файзов низ ҳайати шахсии Раёсати вилоят ва умуман КҲФ-ро табрик намуд ва ба муҳим будани кори наҷотбахшон дар наҷоти одамон таъкид варзид. 

Дар ин ҷаласаи тантанавӣ 14 нафар аз ҷумлаи кормандоне, ки дар хизмат афзалиятҳо доштанд, бо фармони Раиси Кумита соҳиби мукофот гаштанд.

Раиси шаҳри Хоруғ бошад ба даҳ нафар кормандон ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ тақдим намуд. Дар поёни чорабинӣ барномаи идонаи консертӣ доир гардид. 

Дар толори маҷлиси “Маркази ҷавонон”-и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ҳайати шахсии Раёсат, афсарону сарбозони қисми ҳарбии 45025-Кумита, собиқадорон, роҳбарони сохторҳои қудрати, ташкилоту муассисаҳо, инчунин роҳбарони ташкилотҳои ҷмъиятиву байналмиллалии ҳудуди вилоят барномаи идона таҳти унвони «25 сол дар роҳи наҷот» баргузор гардид.

 Сардори намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Темурҷон Тўйчизода табрикоти Раиси вилояти Суғд мўҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба 25-солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи ҳозирин расонид. Баъдан   намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Файзуллозода Умматулло табрикоти Раиси Кумита генерал-лейтенант Р.Назарзодаро ба диққати ҳозирин расонид.

  Чанде аз кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд бо фармони Раиси Кумита бо рутбаҳои ҳарбӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд, аз номи сарвари вилоят низ кормандони фаъол қадрдонӣ шуданд. 

Гуфтанист, ки чорабиниҳои идона дар ҳамаи воҳидҳои сохтории Кумита идома доранд. 

барчасп: