Activities calendar

29 августа 2019

Эълони вазъи фавқулода дар кишвари Приморе

Боронҳои пуршиддат ва селҳои азим муҷиби эълони вазъи фавқулода дар Приморе шуд. Дар ин бора маъмурияти кишвари Приморе ба хабарнигорон иттилоъ дод.  Манбаъ гуфтааст, ки сарвари минтақа Олег Кожемяко дар ҷаласаи комиссияи ҳолатҳои фавқулода ин қарорро имзо кардааст.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Пекин ихтисоси худро такмил медиҳанд

Дар доираи татбиқи Созишномаи байнидавлатии ҳамкориҳо дар самти  пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин  20 нафар кормандони воҳидҳои гуногуни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омӯзиши “Ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон”, ки имрӯзҳо дар Пекин дар ҷараён аст, ширкат доранд.