Activities calendar

09 августа 2019

Мизи мудаввар дар Хатлон

6 августи соли 2019 дар бахши Ҷамъиятии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  дар минтиқаи Бохтари вилояти  Хатлон мизи мудавар оиди лоиҳаи “Фароҳам овардани иқтидор тавасути мусоидат ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар қисмати ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  гузаронида шуд.

ПАЖӮҲИШ: Дараҷаи ҳарорати дунё дар моҳи июли имсол аз солҳои гузашта бештар буд

Моҳи июл аз гармтарин моҳи соли ҷорӣ буд ва ба ин шаке нест. Ҳамвора аз расонаҳои хабарӣ дар бораи ин гармои шадид дар кишвар хабару матолиб мутолиа мекардем, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда пайваста ҳушдор медод, ки гармо метавонад фоҷеа низ дар канор дошта бошад. Зеро об шудани барфи кӯҳҳо ва пиряхҳо метавонад сабабгори болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо гардад.

Аммо ин гармо ҷаҳонӣ буд. Дар сар то сари олам дар бораи беш аз ҳадди инстизор гарм шудани ҳавои июл гузоришҳо мерасиданд.