Activities calendar

22 августа 2019

Анҷоми Конфронси минтақавӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва амалӣ гардидани Барномаи қолабии Сендай дар шаҳри Душанбе

Дар шаҳри Душанбе Конфронси минтақавии коҳиши хатари офатҳо ба кори худ поён дод. Дар Конфронс диққати асосӣ ба масоили ҳамкориҳои байналмилалии коҳиши хатари офатҳо равона гардид.

Хушбинии Тоҷикистон аз рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо

Тоҷикистон чун кишвари мизбон дар Конфронси минтақавӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва амалӣ гардидани Барномаи қолабии Сендай ба тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо, иҷрои тааҳҳудоти байналмилалӣ, татбиқи тарҳҳои байналмилалии коҳиши хатари офатҳо, бахусус иҷрои Барномаи қолабии Сендай хушбин аст. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дирӯз дар мулоқоташ бо меҳмонони Конфронс ба ин нукта таъкид кард.

Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табииро таҳким мебахшанд

Имзои Созишномаи байнидавлатӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китоби ҳамкориҳои минтақавӣ миёни кишвар ва Афғонистон дар самти коҳиши хатари офатҳо, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода саҳифаи тоза боз кард. Ин созишномаи байнидавлатӣ дирӯз, дар доираи конфронси минтақавии коҳиши хатари офатҳо ба имзо расид.

ПАЖӮҲИШ: Афзоиши бесобиқаи оташсӯзӣ дар ҷангалҳои Амазонка

Созмони таҳқиқоти фазоии Бразилия гуфтааст, ки ҷангалҳои боронии ин кишвар дар соли ҷорӣ шоҳиди  шумори бесобиқае аз оташсӯзиҳо будааст. Ин муассисаи миллӣ гуфтааст, ки додаҳои моҳворавиаш нишондиҳандаи афзоиши 82 дарсади  оташсӯзиҳо нисбат соли 2018 аст. Дуди ин оташсӯзиҳо бо вазиши бод аз фосилаи  2700 километр дар рӯзи душанбе ба Сан – Паулу (калонтарин шаҳр дар Амрикои Ҷанубӣ)расид ва осмони шаҳрро барои соате тира кард.