Activities calendar

02 августа 2019

Наҷоти боз се ғарқшуда дар Сир

Боз се нафар баъд аз зуҳри рӯзи якуми август аз дарёи Сир берун оварда шуданд. Ба наҷотдиҳандагон муяссар гардид, ки ду сокини шаҳри Гулистон ва як сокини шаҳри Душанберо, ки дар соҳили рӯди Сир истироҳат мекарданд, аз марг наҷот диҳанд. Танҳо зарфи ду рӯзи охир наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷони ҳафт нафарро аз мавҷи дарёи Сир наҷот доданд.

Мусобиқаи мини-футбол бахшида ба 25-солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба анҷом расид

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи мини- футбол бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поён расид. Дар ин мусобиқа 8 тим аз воҳидҳои низомии Кумита воқеъ дар шаҳри Душанбе ширкат карданд ва се тим ғолиб эълон гардиданд. 

Дар бозии ниҳоӣ тими Дастгоҳи марказӣ бар тими Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҳисоби 4:1 пирӯз о мад ва соҳиби шоҳҷоиза гашт.