Сарварони идораҳои давлатҳои узви СҲШ ба таҳкими ҳамкориҳо таъкид карданд

Сарварони идораҳои давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар нишасти Деҳлӣ ба таҳкими ҳамкориҳо дар пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода мувофиқат карданд. Дар ин ҷаласа, ки охири ҳафтаи гузашта баргузор  шуд, натиҷаи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ гардид, ҳамчунин тарҳи нави ин ҳамкориҳо тасдиқ шуд.

 Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Деҳлии Нав таҳти роҳбарии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Амит Шоҳ даҳумин Ҷаласаи роҳбарони идораҳои давлатҳои узви СҲШ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳинд С.М.Раҳимзода намояндагӣ кард.   

Сарвари ҳайатҳо бо маърӯза дар бораи ҳолатҳои фавқулодае, ки дар кишварҳои узви СҲШ рух додааст, суханронӣ карданд. Ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои минбаъда дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар доираи СҲШ табодули афкор сурат гирифт.

Оид ба натиҷаи баррасиҳо ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, расонидани кумакҳо ва рушди ҳамкориҳо барои татбиқи муоҳадаҳои ба дастомада дар доираи паймон мувофиқат карданд. 

Ҷонибҳо ҳамчунин натиҷаҳои чорабиниҳои якҷояро, ки солҳои 2018-2019 гузарониданд, барарсӣ карданд ва Нақшаи амал оид ба татбиқи созишномаҳои байнидавлатии СҲШ дар бораи ҳамкориҳо дар самти ёриҳои фавқулода барои солҳои 2020-2021-ро тасдиқ намуданд.

Дар поёни нишаст роҳбарон Протокол имзо намуданд.