Имдодгарон дари бастаеро боз карданд, ки фарзанди 8-солаи хонадон дар дохил монда буд

Наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ дар шаҳри Душанбе дари оҳаниеро боз карданд, ки кӯдаки ҳаштсолаи ин хонадон дар дохил монда буд.  Даъвати кумак аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе расид. Гуфта мешуд, ки дар хонаи баландошёна воқеъ дар кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоев марди соҳибхона чун аз манзилаш берун шуд, ҳис кард, ки шамол ба шиддат дарро пӯшид ва он ба таври автоматӣ баста шуд. Соҳиби хона, ки нияти дур рафтан надошт, бо худ калид нагирифта буд.

Дар дохили хона писарбачаи ҳаштсолаи вай боқӣ монда буд. Соҳиби хона филҳол барои ёрӣ ба хадамоти наҷот муроҷиат кард. 

Имдодгарон сари вақт ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо истифода аз дастгоҳи кӯҳнавардӣ аз бом вориди хона шуданд. Манзили ин мард дар ошёнаи чорум воқеъ буд. Онҳо бо ёрии таҷҳизоти гидравликӣ дарро боз карданд. 

Писарбача ба кумаки тиббӣ ниёз надошт. Наҷотдиҳандагон бо истифода аз фурсат бо соҳибони хона дар бораи қоидаҳои бехатарӣ ҳамсуҳбат шуданд ва гуфтанд, ки вақте дар манзил бачаҳо танҳо мемонанд, волидон бояд хеле эҳтиёткор бошанд.