Кормандони КҲФ муносибат бо расонаҳоро меомӯзанд

Тарзи муносибат бо расонаҳои хабарӣ, равиши мусоҳиба бо хабарнигорон, ироаи маълумот ва арқом ба расонаҳо ва ғайра дар омӯзише мавриди баррасӣ қарор мегирад, ки рӯзи 18-уми ноябр дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд ва қарор аст он то 23 ноябр идома кунад.

 

Дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни КҲФ ва САҲА дар самти пешгирӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар бахши омодасозӣ ва бозомӯзии кормнадони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 18 то 23 ноябри соли 2019 давраи омӯзишӣ барои сардорони шуъбаҳо, воҳидҳои КҲФ дар мавриди  кор бо намояндагони ВАО ва ҷомеа оғоз гардид. 

Муддати як ҳафта бист нафар кормандони КҲФ оид ба муносибат бо воситаҳои ахбор ва ҷомеа омӯзиш мебинанд. Ин давраи омӯзишӣ аз ҷониби журналистони ботаҷрибаи кишвар гузаронида мешавад. 

Дар ҷараёни омӯзиш кормандони ба КҲФ қоидаҳои муносибати дуруст бо ВАО, омода кардани мусоҳибаҳоро меомӯзанд, ҳамчунин дар мавриди он ки чӣ гуна метавон ҳангоми посух ба суолҳои “иғвогарона” аз ҷониби расонаҳо аз лаҳзаҳои нохуш пешгирӣ намуд, суҳбат хоҳанд кард.

Мураббиёни омӯзиш ҳамчунин дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ВАО низ маълумот хоҳанд дод.