Обу ҳавои рӯзи панҷшанбе, 21-уми ноябр: гоҳ борон ва гоҳе барф

Ҳавои рӯзи панҷшанбе тақрибан шабеҳи ҳавои рӯзи чоршанбест. Бино ба маълумоти  Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон осмони кишвар ҳамоно абрпӯш аст, борон гоҳ-гоҳе ба сурати парешон меборад, дар баландкӯҳҳо барф ва ҳавои сардтар аз рӯзи пеш дар аксар навоҳии кӯҳистонӣ пешбинӣ шудааст.  

  

21-уми ноябр осмони шаҳри  Душанбе ҳамоно абрист, гоҳ-гоҳе борон ҳам меборад, вале ин борон чандон пуршиддат ҳам нест.  Шамолаш аз самт ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.  Шабона аз 4 то 6 дараҷа ва рӯзона аз 12 то 14 дараҷа гарм мешавад. 

Дар навоҳии тобеъи марказ низ осмон ҳачунон абрӣ, дар баъзе ноҳияҳо борон ва шабона дар баландиҳо бештар аз 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр барф меборад.  Суръати шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 м/с мевазад. Шабона дар водиҳо аз 2 то 7 дараҷа ва рӯзона аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад, дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм хоҳад буд.   Рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.  

 Дар шаҳри Хуҷанд низ ҳаво абрист ва гоҳ-гоҳе борон меборад. Шамолаш аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.  Дамои ҳаво шабона аз 3+5 дараҷа, рӯзона аз 8 то 10° гарм хоҳад буд. 

Ҳавои вилояти Суғд  абрӣ ва гоҳе ҳам дар баъзе ноҳияҳо борон меборад, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф меборад.   Вазиши бод аз самти  ғарб бо суръати 3-8м дар сония аст.  Дар водиҳои ин вилоят шабона 1+6°, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Ҳавои шаҳри Хоруғ  низ ҳаво абрист, гоҳ борон меборад ва гоҳе барф.  Шамол аз самти   ғарб суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2 дараҷа ва рӯзон 9+11° гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияи Мурғоб ҳаво бебориш нахоҳад буд.  Шамол аз самти  ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 10-12° сард, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 1 дарҷа гарм мешавад.  

Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ   ҳавои абрӣ дар назар дошта шудааст, дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар баъзеи дигар барф меборад. Шамол аз самти  ғарб суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона  аз 3+2°ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад, дар  шарқи вилоят шабона аз 8 то 13 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм мешавад.  

Дар шаҳри Бохтар ҳаво абрӣ хоҳад буд ва гоҳе борон ҳам меборад. Шамол аз сати ғарб бо суръати 3-8 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 5+7°, рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад. 

  ш. Кӯлоб – Ҳавои абрӣ, ҳолатҳое борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 4 то 6 дараҷа гарм ва рӯзона 11+13° гарм мешавад.   

Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво абрист ва дар баъзе навоҳӣ борон меборад, дар баъзе ноҳияҳо туман ҳам мефарояд.  Шамол аз самти ғарб суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 3+8°, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона  3+8°, рӯзона 8+13° гарм мешавад.