Ҳавои тақрибан бебориш, вале сарди рӯзи панҷшанбе, 28-уми ноябр

Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар кулли манотиқи кишвар ҳаво назар ба рӯзҳои пеш сардтар мешавад, аммо дар аксари ноҳияҳо аслан бориш намешавад. Дар баъзе минтақаҳо тумон, дар баъзе ноҳияҳо, бахусус наавоҳии баландкӯҳ борону барф ҳам меборад. 

Дар шаҳри Душанбе ҷуз тумани  парешон аз борону барф чизе гуфта нашудааст.   Шамол аз шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад.  Дамои ҳаво низ шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 8+10 дараҷа гарм хоҳад шуд.   

 Дар навоҳии тобеъи марказ  - танҳо дар ноҳияҳои олоҳидаи кӯҳӣ борону барфи суст ва туман пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 то 9 дараҷа хунук  ва рӯзон 0+5 дараҷа гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хуҷанд низ туман дар назар дошта шудааст, вале ҳаво бебориш аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад. 

Дар вилояти Суғд  низ ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ гоҳ-гоҳе туман дорад. Вазиши бод аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар сония хоҳад буд. Дар водиҳои ин вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 8-13 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Ҳавои шаҳри Хоруғ  ҳаво абрист, борон ва баъзан барф ҳам меборад. Шамол аз самти ғарб суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 5+7° гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияи Мурғоб барфи суст меборад. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 13-15°, рӯзона 2-4 дараҷа хунук мешавад. 

Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ низ ҳаво пурабр мешавад, дар ноҳияҳои ҷудогона борону барф ҳам дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона  3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад, дар  шарқи вилоят шабона аз 13 то 18 дараҷа хунук, рӯзона аз 2-7 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳри Бохтар бориш намешавад.  Шамол аз  самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм, рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад

Дар ш. Кӯлоб низ бориш намешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво бебориш аст, дар баъзе ноҳияҳо туман меояд. Шамол аз самти шарқ суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.