Омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ дар ду вилояти кишвар

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиктсон омодагиҳои мақомоти идории маҳаллӣ ва аҳолиро ба ҳодисаҳои эҳтимолии фавқулодда ва офатҳои табиӣ дар ду ноҳияи кишвар санҷидаанд.

Ин омӯзишҳо тибқи нақшаи чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2016 доир шуданд ва кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 22-уми сентябри соли 2016 дар мавзуъи “Амалкарди ҳукумати иҷроияи маҳал ҳангоми бартарафсозии  оқибатҳои офатҳои табиӣ ва истифодаи нерӯҳо ва воситаҳо мудофиаи граждании ноҳия” дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон гузарониданд.
Ҳадафи роҳандозии ин омӯзишҳо омода намудани мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идораҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии вазъи фавқулодда, неруҳо ва воситаҳо мебошад.
Дар давраи баргузории омӯзишҳо сатҳи омодагии аҳолӣ дар дифоъ аз лағзиши замин, заминларза, обхезиҳоро санҷиданд, ҳамчунин омодагии нерӯҳо ва воситаҳои идории ноҳияҳо дар бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаро арзёбӣ карданд.
Маврид ба ёдоварият, ки чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ муттасил дар қаламрави кишвар гузаронида мешавад ва ҳадаф аз он омодагии бештар ба ҳодисаҳои эҳтимолии табиӣ мебошад.