Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст!

12 –уми январи соли 2020 аз сабаби лағзиши тарма ва бориши шадиди барф дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд барои муддате ҳаракати мошинҳо қатъ гардид. Дар айни замон хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт ва ширкати IRS саргарми поксозии роҳҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳаракати нақлиёт мебошанд.

Дар ҷойҳои тармарез барои таъмини бехатарии аҳолӣ аз ҳисоби кормандони имдоди КҲФ,  БДА ва хадамоти роҳи  IRS дидбонгоҳҳо гузошта шудаанд.

Ҳамчунин, 12 январ дар роҳи мошингарди Лаби Ҷари ноҳияи Сангвор лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд, барои тоза кардани роҳ техника сафарбар гардид. Дар айни замон роҳ аз ғарами барф тоза карда шуда, мошинҳо ҳаракат мекунанд. 

КҲФ ёдовар мешавад, ки бар асари бориши шадид барф, сардии ҳаво лағзиши тарма ҳамоно дар роҳҳои кӯҳӣ хатар дорад. Ҷо-ҷо аз теппаҳо сарозер шудани барф роҳҳоро барои ҳаракати мошинҳо мушкил мекунад. 

Аз ин рӯ, аз меҳмонон ва сокинони кишвар хоҳиш мекунем дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат дар роҳҳои хатарзо ва тармарез, рафтан ба шикоргоҳҳо ва ғунучини ҳезум худдорӣ намоянд. 

КҲФ тавсия медиҳад, ки воситаҳои техникии худро пеш аз он ки ба сафар бароед, омода созед, онҳоро бо таҷҳизоти зарурӣ барои ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҳангоми зимистон муҷаҳаз созед. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо қоидаҳои бехатариро риоя кунед, бахусус фосилаи ҳаракат миён и мошинҳо ба ҳадде дур бошад, ки барои ист мушкил эҷод накунад. 

Кумита аз шаҳрвандон даъват мекунад ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳо ҳушёр бошанд ва аз хатари шикастани шохи дарахтону сарозер шудани онҳо, канда шудани симҳои интиқоли барқ худро эмин нигоҳ доранд. 

Аз ин пештар Кумита хабар дода буд, ки дар натиҷаи гармии чанд рӯзи пеш ва бориши пуршиддати барф эҳтимоли лағзиши тарма дар ноҳияҳои ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, ҳамчунин дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Хоруғ-Мурғоб, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим вуҷуд дорад.