Шумори фавтидагон аз короновируси чинӣ дар ин кишвар аз 80 нафар гузаштааст

Аз Чин гузориш мерасад, ки теъдоди ҳалокшудагон аз вируси маргбори короно аз 80 нафар гузаштааст ва ҳудуи 3 ҳазор нафари дигар ба ин вирус сироят шудаву дар бемористонҳо таҳти назорати духтурон қарор доранд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд то кунун шаҳодате ба сирояти сокинони кишвар ба ин вирус дар даст надорад.

Рӯзи якшанбе Чин таътилҳои солинавии кишварро се рӯзи дигар тамдид кард, то ки имкони интиқоли ин вируси марговарро коҳиш диҳад. Нахуствазири Чин аз иёлоти Вуҳон, ки ин вирус аз он сар задааст, дидан кардааст. Теъдоди қурбониён дар шаҳри Ҳубей аз 56 нафари рӯзи якшанбе ба 86 нафар расида ва чор нафари дигар низ дар минтақаҳои дигар кишвар ҷон бохтаанд.

Ҳоло иёлоти Вуҳон дар карантин қарор дорад ва дар шаҳру навоҳии ҳамҷавори он ва дигар минтақаҳои Чин низ барои пешгирӣ ва хуруҷи ин вирус муқаррароти  манъи сафар ҷорӣ шудааст.

Ахиран расонаҳои чинӣ теъдоди мубталоён ба вирусро 2 ҳазору 794  нафар эълон карданд, вале ин омори дақиқ нест. Мақомот мегӯянд лазҳа ба лаҳза аз сирояти афроди нав гузориш мерасад, аз ин рӯ теъдоди мубталоён пайваста дар ҳоли афзоиш аст. Танҳо дар як шабонарӯз теъдоди сироятшудагон аз вирус  769 нафар афзудаанд.

ВВС бо интишори як гузориш навиштааст, ки “тамдиди таътилоти соли нав як ҳаракати аҷиб буда, аммо ин ки ҳудуди 500 миллион нафар  пас аз таътилот барои рафтан ба маҳалли кор савори ҳавопаймо ва қатор  ва автобус шаванд низ мумкин аст муҷиби интишори бештари  вирус шавад”.

То ба имрӯз 42 нафар хориҷ аз марзи Чин ба ин вирус гирифтор шудаанд, ки аксари онҳо дар кишварҳои Ҳонконг, Таиланд, Амрико ва Австралия мебошанд. Аммо аз фавти афроди мубтало ба ин вирус берун аз қаламрави Чин дақиқан хабар дода нашудааст.

Омори интишордодаи Чин баёнгари он аст, ки аксари ҳалокшудагон аз ин беморӣ афроди солманд будаанд.

Дар ҳамин ҳол Сафорати Тоҷикистон дар Пекин бо интишори як баёния аз тариқи WeChat аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Чин таҳсил мекунанд, хостааст, ки “баҳсу мунозираи беасосро канор гузошта”, талаботи мақомоти чинӣ дар бораи риояи тартиботи ҷорӣ дар робита ба паҳн шудани вируси короноро бечунучаро иҷро кунанд. “Ҳукумати Чин, ки кишвари абарқудрат аст, вазъиятро ба пуррагӣ назорат намуда, роҳҳои дурусти ҳалли ин масъаларо дида истодааст. Агар зарурати воқеии баровардани донишҷӯёни хориҷӣ аз музофоти Хубей ба миён ояд ва чунин тасмим дар сатҳи мақомоти чинӣ гирифта шавад, Сафорати Тоҷикистон ин масъаларо бо Ҳукумати Чин ҳаллу фасл хоҳад кард.”, - гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Дар ҳамин ҳол сарвари Академияи илмҳои РусияАлександр Сергеев дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки вирури коронои чинӣ моҳи март бо суръати боло паҳн мешавад ва доираи ҷуғрофии он густариш меёбад.

Баъзе кишварҳо аллакай барои пешгирӣ аз густариши ин вирус тадбирҳо андешидаанд. Чунончӣ, дар Муғулистон дар мактабҳои олӣ таътили муваққатӣ эълон шудааст. Дар Фаронса ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия додаанд, ки то 21 феврали соли равон ба Чин гардишгарон аз ин кишварро нафиристанд. Арманистон воридоти маҳсулоти чорво аз Чинро манъ кард.