Вохурӣ дар Раёсати Кумита дар ВМКБ

Дар асоси нақшаи кории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар  ВМКБ оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маълумотнок намудани ҳайати шахсии Раёсат оид ба сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумат, санаи 30-юми январи соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Раёсат ҷамъомад вобаста ба ироа ва фаҳмонда додани нуқтаҳои Паёми Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомали Раҳмон, ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ҷамъомади мазкур намояндагони Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти роҳбарии Сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят Шоҳзодаев Латиф, Мудири Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева ва дигар шахсони муттасадӣ иштирок дошта, вобаста ба соҳаи хеш ва дар умум Паёми навбати Президенти мамлакатро ба пуррагӣ фаҳмонда доданд.

Инчунин, дар чорабинии мазкур намояндагони Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба фаъолона иштирок намудан дар чорабинии муҳими сиёсӣ- интихобот даъват намуданд.

Дар охири чорабинӣ ҳозирин  ба саволҳои пешниҳодкардаи худ посухҳои лозима гирифтанд.