Баргузории давраи омӯзишӣ дар вилояти Хатлон

Бар асоси Нақшаи дохилиидоравии Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон дар соли 2020 давраи омӯзиш барои намояндагони як қатор идораҳои вилоят, ки масъули мудофиаи гражданӣ мебошанд, баргузор шуд.

Ин давраи омӯзишӣ аз дарсҳои лексионӣ иборат буд, ки онро кормандони Раёсат бо истифода аз видеороликҳо гузарониданд. 

Ҳадафи аслии давраи омӯзишӣ баланд бардоштани малакаҳои бадастомада ва донишҳои кормандон дар самти мудофиаи гражданӣ, шиносоӣ бо шеваҳои навтарини вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, омӯзиши санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар ин самт ва дарёфти посухҳо ба суолҳое буд, ки дар ҷараёни омӯзиш ироа гардид.

Дар поёни дарси омӯзишӣ ба ширкаткунандагон воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоте намоиш дода шуд, ки маъмулан дар ҷараёни корҳои наҷот аз онҳо истифода мешаванд.