Суҳбати муфид дар атрофи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ

30 январи соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти намояндаи Кумитаи Марказии иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода бо ҳайати шахсӣ баргузор шуд, ки дар он Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди суҳбат қарор гирифт. Суҳбат мавзуъи мушаххас дошт: “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Дар ҷараёни суханронии худ Илҳомҷон Ҳамидиён хеле мухтасар дар бораи муҳимтарин нуктаҳои Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ нақл кард. 

Вай аз ҷумла гуфт, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ  ва хориҷии мамлакатро муайян намуданд ва барои пешрафти созандаи сиёсати хориҷӣ ва таъмини рушди ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла иқтисод ва саноат, энергетика, нақлиёт, амният ва мудофиа, ҳифзи тартибот ва қонуният, тандурустӣ, фарҳанг ва маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои муайн гузоштанд.

«Ҳар яки мо бояд вазифаҳои гузошташударо хуб дарк намоем, роҳҳои ҳалли онҳоро дар сатҳи худ биомӯзем ва дар татбиқи вазифаҳои гузоштаи Сарвари давлат саҳми арзанда гузорем”, - таъкид кард И.Ҳамидиён.

Дар охири мулоқот зикр гардид, ки ҳар корманди КҲФ илова ба иҷрои уҳдадориҳои худ дар оянда низ дар рушди кишвар саҳми сазовору шоиста хоҳанд гузошт.