Охирин хабарҳо аз короновирус: Шумори фавтидагону сироятшудагон ҳамоно рӯ ба афзоиш аст

Шумори фавтидагон аз короновирус дар Чин ба 722 нафар расид. Ҳамзамон мақомоти давлатӣ хабар доданд, ки то ба субҳи рӯзи шанбе, 8-уми феврал 34,5 ҳазор нафар сироятёфтагон ба қайд гирифта шудаанд. Рӯзе қабл расман аз сирояти 31,1 ҳазор ва марги 636 нафар хабар дода мешуд. Мақомот ҳамчунин хабар доданд, ки тӯли ин муддат теъдоде аз бистаришудагон муолиҷа шудаанд.

Ҳамчунин аз Чин гузориш мерасад, ки як марди ҷопонӣ, ки бо ташхиси сироят да короновирус бистарӣ шуда буд, ахиран чашм аз олам пӯшид. Ҳукумати Ҷопон ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардӣ баён кардааст.

Телевизиони марказии Чин дар охирин гузоришаш шаби гузашта хабар дод, ки маргумир бар асари сирояти короновирус дар мамлакат то 2% коҳиш ёфтааст, дар Вуҳон, ки маркази густариши ин беморӣ мебошад, марги афрод то 4,1% кам шудааст.

 Давлати Ҳонконг барои ҳама касоне, ки аз Чин меоянд, карантини иҷбории дуҳафтаина ҷорӣ кард. Дар ин хабар гуфта мешавад, ки афроди тозавуруд аз Чин бояд ҳатман дар утоқи меҳмонхона ва ё маҳалҳои махсусе, ки давлати маҳалии Ҳонконг роҳандозӣ кардааст, муддати ду ҳафта бимонанд. Ин низом ба кулли касони омада аз Чин, хоҳ ҳонконгӣ бошанд ва хоҳ чинӣ ё табааи ҳар кишвари дигар, баробар дахл дорад. Онҳое, ки ин низомро риоя намекуунанд, ҳатман ё ҷарима мешаванд ва ё зиндонӣ.

То кунун дар хориҷ аз қаламрави Чин 270 нафар сироятшудагон ба вируси Короно ба қайд гирифта шуданд. Сироятшудагон ба ин вирус дар 35 кишвари олам ошкор шудааст. 

ИМА хабар дод, ки барои мубориза бо короновирус то 100 миллион доллари дигар ҷудо мекунад. Ин миқдор ба Чин кишварҳои дигари сироятшуда ба вирус дода хоҳад шуд. 

Ҳамзамон бо ин маъмурияти киштии гардишии Royal Caribbean гуфтаст, ки то охири моҳи феврал мусофирон аз Чинро ба киштӣ савор нахоҳад кард. Сарварони киштӣ ба ин назаранд, ки ин ҳама барои эҳтиёт ва таъмини саломатии мусофирон дар киштӣ андешида мешавад.

Тибқи хабари дигар ширкати ҳарбӣ-саноатии армикоии Lockheed Martin аз ширкат дар намоишгоҳи ҳавоии Сингапур даст кашид ва сабаби инро дар густариши вируси короно унвон кард. Ин тасмим баъди маслиҳату машварат бо ҳукуматдорони ИМА ва таҳлилгарони тиббӣ гирифта шудааст.