Тозатарин хабарҳо аз короно Covid-19

Мухтасари хабарҳо:   

Шумори фавтидагон аз вируси короно дар Чин ба 2112 расид.
Бештар аз 74 ҳазор нафар чун сироятшуда сабт шудаанд.
Бар асари сироят ба ин беморӣ ду шаҳрванди Ҷопон аз ҷумлаи мусофирони киштии тафреҳӣ фавтиданд.
Мудири як бемористон дар Вуҳон аз короно ҳалок шуд.
Чин бори аввал ҷузъиёти парвандаи 44000 марбут ба вируси ҷадиди короно Covid-19-ро аз замони фарогир шудани ин вирус мунташир кард.

Ду мусофири сироятшуда ба короновирус дар киштии тафреҳии “Даймонд-принсесс” фавтиданд. Дар ин бора ширкати телевизионии ҷопонии “Эн-эйч-кей” истинодан ба як манъаби давлатӣ хабар додааст. Аммо ин ширкат манбаъи давлатиро фош накардааст. Ин киштии тафреҳи беш аз ду ҳафта аст, ки дар бандари Йокогама лангар задааст ва ба мусофирони он иҷозаи поин шудан дода нашуд.  

Ин ду ҳалокшуда як зан ва як марди синнашон аз 80 болои ҷопонӣ будаанд.  Хабари марги онҳоро сафорати Русия дар Токио низ тайид кардааст ва гуфтааст, ки дар миёни фавтидагон шаҳрвандони Русия нестанд. 

Эн-эйч-кей ҳамчунин хабар додааст, ки дар бадани ин ду шаҳрванд рӯзҳои 11 ва 12 феврал вирус кашф шудааст ва онҳоро аз киштӣ поин овардаву дар бемористон бистарӣ карда буданд. Ин ду нафар илова ба короно боз гирифтори чанд бемории дигар ҳам будаанд. 

Киштии тафреҳӣ муддати ду ҳафта дар бандар карантин буд ва танҳо дирӯз ба мусофироне, ки ташхис сироят набудани онҳоро нишон дод, иҷозат дода шуд аз киштӣ берун шаванд. Бино ба маълумоти расмӣ теъдоди сироятшудагон ба Covid-19 дар ин киштӣ ҳоло ба 621 нафар расидааст. Ин калонтарин таҷаммуъи беморони мубтало ба Covid-19 дар берун аз хоки Чин аст.    

Дар оғози карантин дар киштӣ 3700 нафар буданд ва ҳоло ба ҷуз сирятёфтагон боқӣ ҳама берун карда шудаанд. 

Субҳи имрӯз, панҷшанбе Чин омори нави мубталоён ва ҳалокшудагон аз короновирус Covid-19-ро расонаӣ кард. Бино ба маълумоти расмӣ то кунун шумораи фавтидагон бар асари ин беорморӣ ба 2112 нафар расидааст. Рӯзи чаҳоршанбе аз ин беморӣ 108 нафар фавтиданд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шумори мубталоён беш аз 74 ҳазор нафар аст ва дар шабонарӯзи гузашта дар Чин 628 нафари дигар чун сироятшуда ба короновирус Covid-19 сабт шудаанд. 

Рӯзи сешанбе як мудири бемористон дар шаҳри Вуҳони Чин бар асари сироят аз ин беморӣ даргузашт.  Вазъ дар вилояти Ҳубей ва бахусус шаҳри Вуҳон ҳамоно бадтарин аст ва хатари ҳам сироят ва ҳам фавт аз беморӣ ҳамоно зиёд мебошад.

Чин бори аввал ҷузъиёти парвандаи 44000 марбут ба вируси ҷадиди короно Covid-19-ро аз замони фарогир шудани ин вирус мунташир кард.