Вируси короно дар хориҷ аз Чин густариш меёбад. Ҳудудан 80 ҳазор сироят шудаву 2462 нафар фавтидаанд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки то кунун дар саросари олам 77 ҳазору 794 нафар гирифтори вируси короно шудаанд, ки 76 ҳазору 392 нафари онҳо дар Чин мебошанд. Хориҷ аз Чин дар 28 мамлакати олам 1402 нафар сироят ёфтаанд. То ин муддат 2462 нафар аз короно фавтиданд. Шабонарӯзи гузашта ин вирус дар Исроил ва Лубнон ошкор шудааст. Гузоришҳои расида шаҳодат аз он медиҳанд, ки вируси короно берун аз қаламрави Чин густариш меёбад. Италия, Эрон, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ кишварҳое мебошанд, ки шумори бештари мубталоён ва фавтидагон аз ин беморӣ дар онҳо ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамсоягони Эрон марзҳои худро мебанданд. Италия бузургтарин ва қадимитарин карновалро лағв кард. Эрон гуфт, ки тадбирҳои шадидтар меандешад.

Кристалина Георгиева-Раиси Сандуқи байналмилалии пул аз оқибатҳои нохушояндаи густариши вируси Короно изҳори нигаронӣ кард. Хонум Георгиева, ки ахиран дар ҷаласаи дурӯзаи вазирони дороӣ ва бонкҳои марказии кишварҳои узви гурӯҳи 20 суҳбат мекард, изҳори умедворӣ кард, ки густариши эпидемияи короно барои иқтисоди ҷаҳонӣ зудгузар бошад. Аммо ин соҳибмақоми Сандуқи байналмилалии пул ҳушдор дод, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба пайомадҳои манфии он омода бошад. Хонум Георгиева гуфт, ки ин вирус ба иқтисоди Чин зарари зиёд овардааст ва он метавонад ба эҳёи иқтисоди ҷаҳонӣ осеб расонад.

Кореяи Шимолӣ барои мубориза бо вируси короно 380 шаҳрванди хориҷиро карантин кард. Хабаргузориҳои расмии ин кишвар иттило доданд, ки инҳо асосан дипломатҳои муқими ин кишвар ва аъзои хонаводаҳои онҳо мебошанд. Аммо ин нашрияҳо сареҳан эълон накрадаанд, ки карантини ин афрод чанд рӯз идома хоҳад кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Кореяи Шимолӣ то кунун ягон ҳодисаи сироят ба ин вирус сабт нашудааст.

То ин замон дар Кореяи Ҷанубӣ  марги 7 нафар бар асари сироят ба ин беморӣ хабар дода шудааст. дар ин кишвари ҳамсояи Чин шумори мубталоён ба шиддат афзудаву ба 763 нафар расидааст. Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Италия баъди Чин аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки теъдоди сиёроятёфтагон ва фавтидагон аз короно меафзояд.

То кунун дар Эрон аз марги 8 нафар ва 43 бемории шиносоишуда хабар дода мешавад. Ахиран расонаҳои эронӣ иттило доданд, ки рӯзи гузашта 10 нафари дигар чун сироятёфтагони нав ба қайд гирифта шуданд. Киёнуш Ҷаҳонпур, раиси Маркази иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон гуфт, то ин лаҳза, муроҷеакунандаҳо ба марокизи Вазорати беҳдошт таҳти озмоиш қарор гирифтаанд ва зарфи рӯзи гузашта 10 фарди мубтало ба вируси куруно ташхиси қатъӣ шуд, ки бо таваҷҷӯҳ ба омори рӯзҳои гузашта, маҷмӯи мубталоён ба 43 нафар ва фавтшудаҳо 8 нафар расид. Аз шумори умумии тоза сироятшудагон  2 нафар дар вилояти Гелон, 4 нафар дар Теҳрон ва 12 нафар дар вилояти Қум буданд. Вилояти Қум аз ҷумлаи он макон дар Эрон аст, ки шумораи мубталоён ба вируси короно аз ҳама бештар аст.

Сайид Намакӣ, вазири тандурустии Эрон ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки нафареро мушаххас кардаанд, ки эҳтимол меравад маҳз ӯ сабабгори сирояти дигарон шуда бошад. Ин як бозаргони қумӣ будааст, ки ба тозагӣ аз Чин баргашта ва худи ӯ аз ин беморӣ фавтидааст. 

Италия эълон кард, ки барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси короно чораҳои қатъӣ меандешад. Теъдоди сироятёфтагон дар ин кишвар аз 150 нафар зиёд шудаааст. Дар айни замон Карновали Венетсия (қадимитарин ва машҳуртарин ҷашни ҷаҳон, ки ҳар сол дар аввалҳои моҳи феврал таҷлил мешавад) лағв шудааст.  

Сарвазири Италия Ҷузеппе Конте рӯзи шанбе баъди он ки хабари марги ду итолёвиро аз ин вирус шунид, аз андешидани чораҳои шадидтар хабар дод. То кунун дар Италия ду нафар аз ин беморӣ фавтиданд, ки яке пирамард ва дуюми пиразани 77-78-сола буданд. Вируси кампир дар ташхиси баъдимаргии вай ошкор шудааст.