Наҷоти зане, ки даст ба худкушӣ зада буд

Имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як зани 49-солаеро, ки қасди худкушӣ дошт, аз марг наҷот доданд. Ин зан шаби 6-уми сентябри соли равон, соати 00:30 дақиқа аз пули маҳалли 103-уми шаҳри Душанбе мехост худро сарозер кунад.

Баъди дарёфти хабар ҳайати гурӯҳи 1-уми Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат ба ҷойи ҳодиса расид ва ин зани ошуфтаву қасди ҷони худкардаро наҷот дод.

Маълум шуд, ки ӯ 49 сол дошта, дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст. Дар суҳбат бо кормандони наҷот сабаби ин иқдомашро нагуфт.

Баъди наҷоти ҷонаш занро ба ихтиёри мақомоти ҳиязи ҳуқуқ супурданд.

 О.Фахриддинзода