Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Давраи кушоишҳои бузург, яъне чӣ? Бахши аввал

Кушоишҳои географие, ки сазоворанд онҳоро “кашфиётҳои бузург” номем, дар сайёраи мо дар ҳама давру замонҳо, аз замони бостон то асри ХХ рух доданд. Вале давраи Кушоишҳои бузурги географиро маҳдуд ба як замони муайяни таърихӣ медонанд ва муаррихон ва ҷуғрофидонҳои маъруф онро асосан марбут ба охири асри XY ва миёнаҳои асри XYII мешиносанд. Ягон давраи таърихи башар монанди ин асрҳо саршор аз кашфиётҳои тозаву назаррас, кишваркушоиҳо набудааст. Башар тадриҷан ташнаи кашфиётҳои нав, пайдо кардани қитъаҳои нокушода, омӯзиши набототу ҳайвонот, сокинони бумии он манотиқ буд. Ҳар хабари кашфи як қитъа ё кишвар бо хушундӣ қабул мешуд ва одамон интизор буданд, ки олимону ҷаҳонградон, дарёнавардону баҳрнавардон кай хотироти худро аз ин диду боздидҳо рӯйи коғаз меоранд ва ба самъи умум мерасонанд.

Муҳаққиқон асосан ин асрҳоро ба ду давра тақсим мекунанд: миёна ва ё охири асри XV  ва миёнаи асри XVI-замони кашфиётҳои испаниву португалӣ дар Африқо, Амрико ва Осиё. Ба ин сафарҳои баҳрии Колумб, Васко да Гамо ва Магеллон дохил мешаванд;

миёнаи асри XVI ва миёнаи асри XVII – замонест, ки кашшофони рус аз комёбиҳои назарраси худ дар шимоли Осиё эълон карданд, замоне, ки инглисҳо ва фаронсавиҳо аз кашфи заминҳои нав дар Амрикои Шимолӣ хабар доданд ва пайғоми кашфи Австралия ва Уқёнусия аз ҷониби ҳоландиҳо расид. 

Дар ин маврид нуқтаи назарҳои дигаре оид ба чаҳорчӯби хронологии давраи кушоишҳои бузури георафӣ низ вуҷуд доранд, ки онро дар миёни асри XY – миёнаи асри XYI маҳдуд мекунанд ва ё кашфиётҳои машҳурро марбут ба аср XYIII медонанд. 

То оғози давраи Кашфиётҳои бузурги географӣ дониши аврупоиён оид ба олам ба Аврупо, Африқои Шимолӣ ва бахше аз Осиё маҳдуд мешуд, ки камтар аз чаҳоряк ҳиссаи кураи Заминро дар бар мегирифт. Аммо одамон он замон ташнаи навовариву навгонӣ дар ин замина набуданд, балки онҳо бештар ба донистани нуқтаҳои кашфшуда мароқ доштанд ва бигзор он ҳатто бар пояи афсонаву ривоятҳо бошад. Ва аз миёни ҳамаи кишварҳои дур бештар аз ҳама тасаввур дар бораи Ҳинд, Чин ва Ҷопон, ки ба гумонашон ҳамаи сарватҳои Шарқ дар ин манотиқ мутамарказ шудаанд, онҳоро ба ваҷд меовард. Дар Аврупо матоъи тавлидшуда дар Шарқ, атриёт ва бахусус дорувори он арзиши баланд дошт. Ва талабот боз бештар ба тиллову нуқра, ки ба Шарқ ба ивази молҳои қимматнок сарозер ва ё дар шакли ҷавоҳирот дар ибодатгоҳҳо ва дарбори шоҳон нигаҳдорӣ мешуд, ҷалб мекард. Ин ҷавоҳирот ва ин тилловориву нуқра бештар барои сиказании пулҳо лозим буд. Тасодуфӣ нест, ки дар ин давра дар назди дарбори шоҳони давлатҳои аврупоӣ кимиёгароне, ки пайваста нусха ва ё шеваи тайёр кардани тиллоро меҷустанд, обрӯ пайдо мекунанд; тасодуфӣ ҳам нест, ки мавзуъи тилло дар саҳифаҳои хонотарин китобҳои замон инъикос меёбад; тасодуфӣ ҳам нест, ки худи Колумб суханонеро ба забон меорад, ки метавонист шиори моҷароҷӯёну маҷарохоҳони ҳама давру замон гардад: “Тилло ин камолот аст. Тилло ганҷ месозад ва ҳар касе дорои он аст, ҳар кореву амале мехоҳад анҷом медиҳад ва он ҳатто қодир аст рӯҳи инсонро ба Фирдавс расонад”.

Қиссаҳои Марко Поло ва дигар ҷаҳонгардон дар бораи сарватҳои Шарқ хонандагони онҳоро водор мекард худ ба ин кишварҳои афсонавӣ сафар кунанд. Вале ин роҳ пурхатар, пурхарҷ ва мушкил буд, бештар ғарқ шудани киштиҳо, ҳамлаи роҳзанҳои баҳрӣ ва ғоратгарон инсонҳоро аз роҳ бозмедошт. Молиёти беҳадду ҳисоб арзиши колоҳои шарқиро боло бурданд ва баъзе аз онҳо, масалан мурчи сиёҳ дар Аврупо баробар ба қиммати тилло буд. 

Дар асри XV бошад хушкӣ ба дасти Империяи пурқудрати Усмонӣ гузашт. Оҳ агар роҳи баҳриву дарёӣ ба Ҳинд ифтитоҳ мешуд! Ва на танҳо ба Ҳинд, балки ба ҳар кишвари ҳамҷавори он ва албатта ба худи ин Ҳинди афсонавӣ, ки дарвозаи Шарқ буд ва дар маркази сарватҳои он қарор дошт. Ва ҷустуҷӯи роҳи баҳрӣ ба Ҳинд дар меҳвари ҷустуҷӯҳо ва кашфиётҳо қарор мегирад. 


Киштии Ҳенрӣ Ҳудзон.

Дар ҷараёни Кушоишҳои бузурги географӣ ҷаҳонгардони аврупоӣ бори аввал он ҷасоратеро пайдо карданд, ки уқёнусҳоро тай кунанд (истиснои ягона дар Аврупои қарни вусто викингҳо буданд, вале комёбиҳои онҳо дар асри XY кайҳо ба боди фромӯшӣ рафта буд). Аммо барои он ки баҳрнавардон ҷасорате пайдо кунанд, ки заминро вогузоранд ва худро ба баҳру уқёнусҳои нопайдоканор зананд, ба инсоният лозим омад чандин ихтирооти муҳиме кунад: қутбнамо созад, устурлоб созад ва на танҳо созад, балки пайваста онро такмил диҳад, чун бе ин гуна дастгоҳ роҳ пайдо кардан ва муайян намудани вусъату фарохӣ, тартиб додани феҳристи ситорашиносӣ, ки дарозии роҳро муайян намояд; харитаҳои географӣ амалан номумкин буд.

Зарур буд чопи китобҳо ба роҳ монда шавад, то ҳама ихтироот ва кашфиётҳо паҳн карда шаванд. Бояд тиру тӯп месохтанд, то ин ки тавонанд муқовимати сокинони маҳаллиро шикананд ва боз корҳои зиёди дигарро ҳам анҷом медоданд. Ва муҳимтар аз ҳама мебоист киштии мӯъҷизаовар месохтанд (ва дар ҳақиқат ин гуна киштӣ сохта шуд), бидуни он ҳеч кушоиши бузурге наметавонист бошад. Киштие, ки баҳрнаврдон набояд интизори боди мувофиқ биншинанд ва он бояд дар ҳар шароити боду ҳаво ва самти бод бояд ба ҷое лозим аст, ҳаракат кунад. Ва болои он одамон камтар нишинанд, то баҳрнавардон дар он маводи ғизоӣ ва оби бештар бор кунанд. 


Себастян Кэбот-дарёнавард ва
ҷаҳонгарду кашшофи итолёвӣ.

Ғояи курашкл будани Замин дар даврони Кушоишҳои бузурги географӣ нақши муҳим бозид (ҳарчанд ин ғоя дар қарни вусто аслан намурда буд); ва он тафаккур дар бораи эҳтимоли вуҷуд доштани роҳи ғарбии баҳрӣ ба Ҳинд аз тариқи уқёнуси Атлантик алоқаманд буд.

Таҳияи Б.Шафеъ