КҲФ: Ҳамкориҳои байналмилалӣ густариш меёбанд

18 августи соли 2025 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, бо Роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Адхам Мусаллам, доир гардид.

Дар мулоқоти мазкур Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба барои соли 2025 баррасӣ гардид.

барчасп: