Дар обхезиҳои ахири Гондурас 360 ҳазор нафар зарар диданд. Мақомот аз ҳалокати 11 ва бенишон шудани 6 нафар хабар доданд

Бар асари боронҳои селосо ва обхезиҳо, ки аз тӯфони "Эта" ба вуқӯъ пайвастанд, тақрибан 360 ҳазор нафар дар Гондурас зарар диданд. Зиёда аз 40 нуқтаи аҳолинишин бидуни иртибот бо ҷаҳони беруна монданд.

Зарари аз ҳама зиёд аз офати табиӣ дар минтақаҳои қисми шимолии кишвар, инчунин дар минтақаҳои шафати уқёнуси Атлантик ба қайд гирифта шуд. Дар ҳоли ҳозир, дар бораи 11 ҳалокшудаи ин офати табиӣ хабар дода шудааст ва мақомот мегӯянд 6 нафари дигар бенишон ғайб задаанд. 

Инчунин, бар асари тӯфон, беш аз 2770 нафар ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд, 3530 нафари дигар дар паноҳгоҳҳо қарор доранд. 450 хона, беш аз 50 қитъаи роҳҳо осеб дидаанд ва беш аз 40 нуқтаи аҳолинишин бидуни иртибот бо ҷаҳони беруна монданд.

Раёсати миллии назорати хатарҳо ва ҳолатҳои фавқулодда (СОРЕСО) – и Гондурас хабар дод, ки сатҳи об дар дарёҳои Улуа (дарё дар шимоли Гондурас) ва Чолутека (воқеъ дар қисмати ҷанубии Гондурас) боло меравад.

барчасп: