Activities calendar

20 ноября 2020

Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ноҳияи Аштро як минтақаи осебпазир ба офатҳои табиӣ номид

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашти вилояти Суғд  бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи Комиссияи ҳудудии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид  ба ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид.

Семинар – тренинг дар Раёсати Хатлон

Бо мақсади суръат бахшидан ба корҳои таблиғотиву тарбиявӣ дар байни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобаста ба тарзу усулҳои одитарини муҳофизат ва худмуҳофизаткунӣ ҳангоми ба амал омадани ҳамагуна ҳолатҳои  фавқулодда рӯзи 20 ноябри соли 2020 хизматчиёни ҳарбии Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории...

Дар Хоруғ бо донишҷӯн дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши зарар суҳбат карданд

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ба омодасозии сокинон ба пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ ва рафтори дуруст дар ҳоли рух додани офатҳои табиӣ идома медиҳанд.

Ин бор кормандони Раёсат барои донишҷӯёни Донишгоҳи...

Лавозимоти тиббии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус COVID-19 ва дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, 19 ноябри соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қабули лавозимоти тиббӣ, ки дафтари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ...

Covid-19: Чин марҳилаи сеюми санҷиши клиникии панҷ воксан аз коронавирусро, ки мутахассиони ин кишвар таҳия кардаанд, оғоз кардааст

Шумори сироятшудагон ба КОВИД-19 дар олам аз марзи 57 (57 236 335) миллион гузашт. Дар шабонарӯзи гузашта боз 203 ҳазору 133 нафар мубтало ба коронавирус шуданд. Теъдоди фавтидагон дар олам ба 1 миллиону 365 ҳазору 634 нафар расид ва шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ 3 597 нафари дигар ҷон бохтанд.  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд дар айни замон 101 ҳазору 817 нафар мубталоён дар вазъи мушкил қарор доранд.