Activities calendar

07 ноября 2020

Хеле матлаби хонданӣ аз доктори Абдуллоҳи Давлат-духтури тоҷики муқими Москав дар бораи КОВИД-19. Ӯ мегӯяд: то 85%-и гирифторон дар Русия чораҳои пешгириро риоя накардаанд

Аз руи маълумотҳои расмӣ бармеояд, ки то 07.11.2020 с. дар ҷаҳон 49 247 980 одам гирифтори коронавируси нав шудаанд, ки 1 241 981 нафараш ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд. Шояд миллионҳои дигар бо сабабҳои мухталиф ба омори расмӣ ворид нашуда бошанд. Яъне, яқин аст, ки дар гӯшаҳои гуногуни дунё шумораи гирифторону фавтидагон аз Ковид-19 ба маротиб зиёд ҳастанд.

Дар обхезиҳои ахири Гондурас 360 ҳазор нафар зарар диданд. Мақомот аз ҳалокати 11 ва бенишон шудани 6 нафар хабар доданд

Бар асари боронҳои селосо ва обхезиҳо, ки аз тӯфони "Эта" ба вуқӯъ пайвастанд, тақрибан 360 ҳазор нафар дар Гондурас зарар диданд. Зиёда аз 40 нуқтаи аҳолинишин бидуни иртибот бо ҷаҳони беруна монданд.

Зарари аз ҳама зиёд аз офати табиӣ дар минтақаҳои қисми шимолии кишвар, инчунин дар минтақаҳои шафати уқёнуси Атлантик ба қайд гирифта шуд. Дар ҳоли ҳозир, дар бораи...