Activities calendar

13 ноября 2020

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Аз борону барфи тар эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки 14 ноябри соли 2020 дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид боқӣ хоҳад монд. Дар водиҳо рӯзона боридани бороне, ки метавонад ба барфи тар гузарад ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барфи шадид пешбинӣ шудааст.

Ифтихорномаҳо ба касоне, ки як писарбачаи 17-соларо аз худкушӣ наҷот дода буданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳамоҳангсоз дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ мебошад. Кормандони КҲФ ҳамарӯза бо мақсади самаранок иҷро намудани вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ва наҷоти ҷони инсонҳо бо тамоми вазорату идораҳо ҳамкорӣ мекунанд.

Covid-19: Чин парвози ҳавопаймоҳои худ ба Москавро боздошт. Тедрос Аданом Гебреисус гуфт: “Эҳтимолан мо хаста шудем, вале КОВИД-19 аз мо хаста нашудааст”

13 ноябри соли 2020 дар олам 53 миллиону 091 ҳазору 981 нафар чун гирифтор ба  Covid-19 сабт шудааст. Аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 299 ҳазору 407 нафар фавтидаанд. Дар шабонарӯз дар олам 141 ҳазору 596 нафар сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуда, 2 854 нафар фавтидаанд. Шумори муолиҷашудагон 37 миллиону 212 ҳазору 856 нафар эълон шуда ва гуфта мешавад, ки 95 ҳазору 735 нафар дар ҳоли вазнин қарор