Субҳи имрӯз шумори умумии мубталоён ба коронавирус КОВИД-19 54 миллиону 832 ҳазору 578 нафар эълон шуд. Аз ин беморӣ то кунун дар саросари олам 1 миллиону 324 ҳазору 689 нафар ҷон бохтаанд. Дар ҳоли ҳозир аз вазъи вахими 98 ҳазору 827 нафар хабар дода мешавад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд аз Covid-19 38 миллиону 147 ҳазору 815 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз сабти боз 37 нафар мубталои нав ба коронавирус хабар дод. Ин манбаъ гуфт, ки шумори умумии сироятшудагон аз 11 ҳазору 600 нафар (11610 ) гузаштааст ва аз ин 10973 (94,5%) нафар муолиҷа шудаанд. Дар Тоҷикистон аз КОВИД - 19 нафар 85 фавтидаанд.
"Спутник V", ки дар Маркази Гамалеи як ҷо бо Хазинаи сармоягузориҳои мустақими Федератсияи Русия тавлид шудааст, аввалин воксан дар олам аст, ки зидди КОВИД-19 омода шуда ва сабти ном шудааст. Ин воксан дар ду марҳила дар фосилаи се ҳафта ворид карда мешавад. Гуфта мешавад, ки бадани инсон баъди сеюмин ҳафтаи марҳилаи дуюми он имунитет ҳосил мекунад.
Дар айни замон санҷиши клиникии воксан идома дорад. Дар худи Русия дар ин санҷиш 40 ҳазор нафар иштирок доранд. Ин гуна санҷишҳо ҳамчунин дар Беллорусия, Ҳиндустон, Бразилия ва Иморати Муттаҳидаи Араб низ гузаронида мешаванд. Тибқи натиҷаи озмоишҳои пешакӣ воксан 92% самаровару муассир гуфта шудааст. Қарор аст аз моҳи январи соли 2021 Венесуэла воксани русии "Спутник V"-ро дарёфт кунад.
Муҳаққиқони Пажӯҳишгоҳи вирусшиносии молекулярии Маркази тиббии Донишгоҳи Улма аз кашфи маҳсулоти табиие хабар доданд, ки қодир аст то 97 дарсад потогенҳои уфунии коронавирусро нобуд кунад. Нусхаи пеш азинтишории мақола дар портали bioRxiv қобиди дарёфт ва мутолиа аст.
Донишмандон бори дигар таъкид карданд, ки вирусҳои танфисӣ ибтидо гулӯи инсонро олуда мекунанд. Муҳаққиқон мегӯянд афшурдаҳои ҒУБАЙРО ВА АНОР, ҲАМЧУНИН ЧОЙИ САБЗ таъсири вирускушӣ доранд.
Донишмандон муайян кардаанд, ки ғубайрои мевасиёҳ 97% ва оби анор ва чойи сабз 80% фаъолнокии коронавирусро коҳиш медиҳанд.
Афшурдаи табии меваҳо ва чойи сабз бино ба гуфтаи олимон қодиранд таъсири COVID-19-ро заиф кунанд, зеро онҳо дар таркиби худ полифенолҳои рустанӣ доранд, ки ба вирус таъсири манфӣ мерасонанд. Ин таҳқиқот ҳанӯз аз ҷониби ҷомеаи илмӣ арзёбӣ нашудааст.
Муҳофизи асосии зидди сирояти коронавирус иммунитети табиии ҳар як шахс мебошад. Масъалаи сирояти дубора бо коронавирус ҳанӯз ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст, бинобар ин онҳое, ки шифо ёфтанд, бояд худро ҳифозат кунанд ва қатори дигарон чораҳои эҳтиётиро риоя намоянд.
Шабонарӯзи гузашта бори аввал аз оғози ҳамагирӣ дар Русия 22 ҳазор сироятшудаи нав ба КОВИД-19-ро кашф карданд.
Дар 24 соати сипаришуда одамон бештар (қариб 252,7 ҳазор нафар) дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ба КОВИД-19 сироят шудаанд.
Раиси Ҳукумати Русия Михаил Мишустин боз як соли дигар, то 1 январи соли 2022 низоми содаи сабти доруҳо ва маҳсулоти тибии муолиҷаи коронавирусро тамдид кард.