Covid-19: Дабири кулли СММ аз сарварони кишварҳои Гурӯҳи бист (G20) хост барои мубориза бо коронавирус дар олам 28 миллиард доллар ҷудо кунанд. 65 нафар кормандони СҶТ ба коронавирус мубтало шудаанд

Шумори гирифторон ба коронавирус КОВИД-19 дар олам ба 56 (55 943 622) наздик мешавад. Танҳо дар шабонарӯзи гузашта боз 184 ҳазору 946 нафар афзудааст ва 3 948 нафар фавтидаанд. Аз оғози ҳамагирӣ аз ин беморӣ дар ҷаҳон 1 миллиону 343 ҳазору 388 нафар ҷон бохтанд. Шумори муолиҷашудагон тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба 38 миллиону 963 ҳазору 786 нафар расидааст. Ин шабу рӯз дар кулли кишварҳои ҷаҳон 100 ҳазору 791 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Вазорати Тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон эълон кард, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар 40 нафар чун мубталои нав ба КОВИД-19 сабт шуда, шумори умумии гирифторон ба ин беморӣ ба 11 689 нафар расидааст. То кунун 11061 (94,6%)нафар муолиҷа шудаанд ва 85 нафар фавтидаанд. 

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба сарварони кишварҳои Гурӯҳи бист (G20) муроҷиат кард, ки барои мубориза бо коронавирус дар олам 28 миллиард доллар ҷудо кунанд. 

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ изҳор дошт, ки дар миёни хизматчиён ва кормандони дафтари намояндагии он дар Женева 65 нафар мубталои Covid-19 шудаанд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамчунин эълон кард, ки 43% сироятшудагони шабонарӯзи гузашта дар қораи Аврпуо (195 450) буд. Кишварҳои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ 181 196 нафар ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ 37 703 нафар мубталои нав доштанд.

дар Фаронса беш аз 2 миллион нафар сироят шуданд. Зарфи 24 соати сипаришуда аз ин беморӣ дар ин кишвар 437 нафар фавтиданд. 

Ба додгоҳҳои Испания алайҳи мақомот ва низоми тандурустии ин кишвар парвандаҳои зиёде пешниҳод шудааст. Даъвогарон мақомоти давлатиро дар он айбдор мекунанд, ки бо баҳонаи мубориза бо коронавирус мубталоён ба бемориҳои дигар, аз ҷумла саратонро бе кумаки тиббӣ монданд.

 Дар Австрия сар аз рӯзи 6 декабр мактабҳо ва мағозаву дуконҳои ғайриозуқаворӣ баста мешаванд.

Ҳукумати Британияи Кабир масъалаи муваққатан коҳиш додани хароҷоти кишварро барои расонидани кӯмаки башардӯстонаи байналмилалӣ баррасӣ мекунад. Ин ба афзоиши хароҷоти буҷа, ки мустақиман ё ғайримустақим бо пандемия рабт доранд, вобаста аст.

Президенти Туркия Раҷаб  Тайип Эрдуғон рӯзи сешанбе дар доираи мубориза бо пандемияи коронавирус қуюди шабгардӣ эълон кард. Мақомоти ҷумҳурӣ тасмим гирифтаанд, ки то охири соли равон тамоми кинотеатрҳоро банданд. Қарор дода шуд, ки ба тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳо иҷозат дода шавад, ки танҳо барои таҳвили ғизо ба хонаҳои сокинон кор кунанд ва то охири сол омӯзишро дар мактабҳо онлайн гузаронанд. Соати кории марказҳои савдо, мағозаҳо ва сартарошхонаҳо низ аз соати 10:00 то 20:00 маҳдуд карда мешаванд.

Чин ба кишварҳои узви БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) пешниҳод кард, ки як симпозиум дар мавзӯъи тибби анъанавӣ бо мақсади муайян кардани имкониятҳои он дар муолиҷаи коронавирус КОВИД-19 созмон диҳанд. 

Шабонарӯзи гузашта дар Исроил 600 нафар сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумори умумии мубталоён дар ин кишвар ба 325 355 ҳазор расидааст. То кунун аз ин беморӣ дар Исроил 2736 нафар ҷон бохтаанд. 

Дар 24 соати гузашта дар 85 минтақаи Русия 22 410 мубталои нав сабт шуда, 442 нафар ҷон бохтаанд. 

Қазоқистон хабар дод, ки боз 602 гирифтори нав ба КОВИД-19-ро шиносоӣ кардааст.

То кунун дар Ӯзбекистон 70 509 нафар ба коронавирус сироят шудаанд ва 599 нафар ҷон додаанд. 

Бахтигул Карриева – намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон кори табибони вилояти Суғд дар мубориза бо КОВИД-19-ро ситоиш кард.