Covid-19: Чин марҳилаи сеюми санҷиши клиникии панҷ воксан аз коронавирусро, ки мутахассиони ин кишвар таҳия кардаанд, оғоз кардааст

Шумори сироятшудагон ба КОВИД-19 дар олам аз марзи 57 (57 236 335) миллион гузашт. Дар шабонарӯзи гузашта боз 203 ҳазору 133 нафар мубтало ба коронавирус шуданд. Теъдоди фавтидагон дар олам ба 1 миллиону 365 ҳазору 634 нафар расид ва шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ 3 597 нафари дигар ҷон бохтанд.  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд дар айни замон 101 ҳазору 817 нафар мубталоён дар вазъи мушкил қарор доранд. Аз ин беморӣ то кунун дар олам  39 миллиону 722 ҳазору 802 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шоми гузашта шумори муолиҷашудагон аз коронавирус дар кишварро 11 148 (94,7%) нафар эълон кард. Ин вазорат гуфт, ки шабонарӯзи гузашта боз 41 нафар мубтало ба ин беморӣ ба қайд гирифта шуда, шумори умумии сироятшудагон ба 11 772 нафар расид. Аз КОВИД-19 дар Тоҷикистон 86 нафар ҷон бхтаанд. 

 Ҳамоно  42%  ҳодисаҳои сироят ба коронавирус дар як шабонарӯз ба минтақаи Аврупо (254 649) рост меояд,  Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ бо 231 754 нафар дар ҷойи дуюм ва Осиёи Ҷануб Шарқӣ бо 55 350 сироятшуда дар ҷойи сеюм мебошад.  

Дар ИМА марг бар асари коронавирус ба 258 ҳазору 333 нафар расид. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 1066 нафар бар асари коронавирус фавтиданд. То кунун 12 миллиону 070 ҳазору 712 нафар сокинони он мубтало ба КОВИД-19 мебошанд.  

 Зарфи 10 соли охир моҳҳои январ то октябри соли равон дар Англия баландтарин сатҳи маргумир ба қайд гирифта шудааст, ки як сабаби он ҳамагирии коронавирус гуфта мешавад. Бино ба оморҳои расмӣ тақрибан 11% ҳамаи марг дар Англия аз КОВИД-19 будааст. То кунун дар ин кишвар аз ин беморӣ 53 ҳазору 775 нафар фавтидаанд, ки ин баландтарин сатҳи марг бар асари коронавирус дар аврупо мебошад.

Вакилони парламони Ҷумҳурии Чех ҳолати фавқулодаи эълоншуда аз 5 октябри соли равонро то 12 декабр тамдид кард. 

Ҳукумати Чин эълон кардааст, ки марҳилаи сеюми санҷиши клиникии панҷ  воксан аз коронавирусро, ки мутахассиони ин кишвар таҳия кардаанд, оғоз кардааст. Ин панҷ воксани чинӣ дар айни замон дар Иморати Муттаҳидаи Араб, Бразилия, Покистон, Перу ва чанд кишвари дигар низ мавриди санҷиш қарор мегирад. 

Дар Токио мақомоти ин кишвар сатҳи хатар бар асари коронавирусро ба ҳадди ниҳоӣ боло бурданд.  .

Дар Италия шабонарӯзи гузашта аз Covid-19 753 нафар ҷон бохтанд.  

Дар Австрия аз мавҷи дуюми коронавирус бори дигар хонаҳои пиронсолон бештар ҷабр дидаанд. Зарфи 40 рӯзи охир дар парастишгоҳҳои пиронсолони ин кишвар 323 нафар аз Covid-19 фавтидаанд.  

Дар Олмон дар шабонарӯзи гузашта беш аз 22,6 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Шумори мубталоён ба коронавирус дар Русия аз 2 миллион (2 015 608) нафар гузаштааст. Шабонарӯзи гузашта дар Русия 23 ҳазору 610 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шудааст.

Дар Қазоқистон боз 762 мубтало ба КОВИД-19-ро сабт кардаанд.

Шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон 422 нафар чун гирифтори нав ба қайд гирифта шудааст, ки 130 нафари онҳо дар пойтахти ин кишвар мебошанд.  

Шумори мубталоён ба коронавирус дар Ӯзбекистон ба 70 921 нафар расидааст.