Covid-19: Шумори гирифторон ба 58 миллион наздик мешавад. Бори аввал дар Русия дар як шабонарӯз беш аз 24 ҳазор гирифтори нав ба КОВИД-19 сабт шудааст

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори умумии гириторон ба коронавирусро 57 миллиону 910 ҳазору 511 нафар эълон кард. Ин манбаъ гуфт, ки шабонарӯзи гузашта 175 ҳазору 988 нафари дигар чун мубтало сабт шуданд ва шумори фавтидагон дар 24 соати сипаришуда 4 ҳазору 499 нафар буд. Аз оғози ҳамагирӣ дар олам 1 миллиону 377 ҳазору 745 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта дар саросари кишвар боз 43 сироятшудаи нав сабт шуда, 40 нафар баъди шифо ёфтан аз бемористонҳо ҷавоб шудаанд. Ин манбаъ гуфтааст, ки то кунун аз коронавирус дар кишвар 11 188 шифо ёфта, 86 нафар фавтидаанд. 

Дар  миёни аломатҳое, ки метавонанд дар марҳилаҳои аввали сироят дида шаванд, мутахассисон аз мушкилоти меъдаву рӯда, аз қабили исҳол, дилбеҳузурӣ, дард болои шикам ва гум шудани иштиҳо ном мебаранд. Ин аломатҳо дар ҳар панҷумин мубтало ба  SARS-CoV-2 ошкор шудаанд. Табибони Британияи Кабир ва Канада баъди як таҳқиқоти фарогир дар бораи коронавирус ба ҳамин натиҷа расидаанд. Ин хулоса баъди таҳлили пурраи 36 шарҳ дар мавриди КОВИД-19 ба даст омадааст.

 Боз як аломати аввали ин бемориро олимон нафаскашӣ ва хастагӣ номиданд, ки ин ба нисфи он бемороне хос аст, ки ахиран аз COVID-19 ранҷ кашиданд.  Аломати дигар бо халалдор шудани кори майна алоқаманд аст, ки асли он ошуфтагиву парешонии ҳаввос мебошад. Олимони Коллеҷи салтанатии Лондон дар як пажӯҳиши худ ба ҳамин натиҷа расидаанд. Онҳо мегӯянд Шиддати осеби мағзӣ ба раванди беморӣ бастагӣ дорад.

 Муҳаққиқони ИМА мегӯянд касоне, ки дар гузашта аз сурхакон ва паротит (варами пушти гӯш) эм шудаанд, назар ба касоне, ки ин гуна воксан қабул накарда буданд, хеле кам мубтало ба шакли вазнини КОВИД-19 мешаванд.  

Садриаъзами Олмон Ангела Меркел ният дорад, ки якҷо бо роҳбарони минтақавӣ стратегияи вокуниш ба паҳншавии коронавирусро барои зимистони оянда таҳия кунад. Гуфта мешавад, ки тадбирҳои карантинӣ ва инзивоъ, ки Олмон андешид, хеле ба зудӣ натиҷа дод ва ҳоло ба назар мерасад ин кишвар муваффақ шудааст, ки суръати афзоишро то ҷое боздорад. Вале ҳоло дар мавриди коҳиши чашмгири сироятшудагон ҳарф задан бармаҳал аст.

То 20 ноябри соли равон дар Италия 48 569 нафар аз КОВИД-19 фавтиданд.

Шумори ҷонбохтагон аз коронавирус дар Фаронса ба 48 265 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта дар Фаронса боз 22 882 мубталои нав сабт шуда ва шумори умумии гирифторон ба SARS-CoV-2  2 109 170 нафар эълон шудааст.

Дар Туркия шабонарӯзи гузашта 5103 ҳодисаи нави сироят ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуда, шумори умумии мубталоён ба 435 273 нафар расидааст. Аз ин беморӣ дар Туркия 12 084 нафар ҷон бохтаанд.  

Дар Мексика аз Covid-19 100 823 нафар фавтидаанд. Мексика, ки дорои 125 миллион аҳолӣ мебошад, дар марг бар асари коронавирус баъди ИМА, Бразилия ва Ҳиндустон дар ҷойи чорум аст.  

Дар Ҳонконг мавҷи чоруми сироят ба коронавирус оғоз шудааст, мегӯяд вазири тандурустии он. Зарфи як шабонарӯзи гузашта 26 нафар ба коронавирус сироят шудаанд, ки аз инҳо танҳо панҷ нафар берун аз хоки Ҳонконг мубтало гаштаанд.  

Дар Покистон болоравии сатҳи гирифторӣ ба КОВИД-19 мушоҳида шудааст. Зарфи як шабонарӯз шумори мубталоён дар ин кишвар 2738 нафар афзудааст, ки ин қариб 200 нафар бештар аз як рӯзи пеш (2 547) будааст.  

Дар Кореяи Ҷанубӣ дар шабонарӯзи гузашта боз 363 сироятшудаи навро ба қайд гирифтаанд, ки мақомот мегӯянд ин ҳадди рекордӣ зарфи чанд рӯзи охир аст.

Бори аввал дар Русия дар як шабонарӯз беш аз 24 ҳазор гирифтори нав ба КОВИД-19 сабт шудааст. Бештари ин мубталоён дар шаҳрҳои Москав -6902, Санкт-Петербург - 2394, Подмосковйе  - 887, вилоятҳои Нижегород - 444,  Свердлов - 372,  Карелия - 343,  Архангелск - 339, кишвари  Красноярск - 336, вилоятҳои Воронеж - 312, Ростов – 311 ба қайд гирифта шудааст. Аз аввали пандемия дар Русия аз ин беморӣ  35 311 фавтиданд ва 1 551 414 нафар муолиҷа шуданд.

Қазоқистон боз аз 791 мубталои нав ба коронавирус хабар дод. Ҳоло дар муассисаҳои тиббии ин кишвар 10 435 гирифтори коронавирус табобат мегиранд, ки 481 нафарашон кӯдаконанд.  

Шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон 386 мубталои нав ба коронавирус сабт шуда, шумори умумии гирифторон ба 68 702 нафар расидааст. Аз ин беморӣ 1 498 нафар фавтидаанд.

Шумори сироятшудагон ба коронавирус дар Ӯзбекистон ба 71 147 (+76) нафар расидааст.