Covid-19: Шумори ҷонбохтагон дар олам аз 2 миллион нафар гузашт

Созмони ҷаҳонии тандурурстӣ субҳи имрӯз, 15 январ омори гирифторон ба коронавирус дар оламро 93 миллиону 546 ҳазору 327 нафар эълон кард. Танҳо шабонарӯзи гузашта ба ин ҷамъ боз 275 377 нафар пайвастанд. Аз аввали ҳамагирӣ дар саросари олам аз КОВИД-19 2 миллиону 2 ҳазору 668 нафар фавтиданд. Аз ин беморӣ то кунун 66 миллиону 846 ҳазору 792 нафар пурра муолиҷа шуданд.

Шумори умумии гирифторон ба коронавирус дар Тоҷикистон дар сатҳи 5 январи соли равон боқӣ мондааст. Ин ҳамон охирин рӯзи соли нав буд, ки дар кишвра 5 нафар мубталоёни нав сабт шуда буданд. Теъдоди гирифторон 13 308 нафар ва муолиҷашудагон 13 218 нафар мебошад.  

Дар ИМА боз як штамми хатарноки вируси коронаро пайдо карданд. Ин панҷумин мутатсияи коронавирус аст, ки аломатҳои он то ба ҳол маълум набуд.

То ба имрӯз 10 нафар аз ҷумлаи воксангирифтагон дар Олмон ҷон бохтанд. Садриаъзаи Олмон Ангела Меркел қасд дорад карантини то кунун амалкунандаи зиддикоронавирусиро шадидтар кунад ва он то 31 январ тамдид карда шавад. Эҳтимол дорад ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ пурра боздошта шавад. Гуфта мешавд, ки фавтидагон баъди эмкунӣ зидди коронавирус аз бемориҳои дигар ҷон доданд ва он ба воксан ва худи коронавирус иртибот надорад. Чунин аст хулосаи пешакии Пажӯҳишгоҳе, ки воксанро тавлид кардааст.

Ҳамаи касоне, ки ба Фаронса аз кишварҳои хориҷ аз Иттиҳодияи Аврупо ворид мешаванд, аз 18 январ вазифадор хоҳанд шуд як ҳафтаро дар карантин гузаронанд. 

Ҳукуматдорони Британия парвози ҳавопаймоҳоро ба ҳам а кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ маҳдуд карданд.

Дар Норвегия баъди эмкунӣ ба коронавирус 23 нафар ҷон бохтанд. Аломатҳои манфии баъди эмкунӣ зоҳиршаванда таби баланд ва дилбеҳузурӣ, ки метавонад одамони солманд ва гирифторони бемориҳоро ба марг расонад. 

Дар Бразилия истеҳсоли воксани русии  "Спутник V" аз коронавирус оғоз шуд. 

Қарор аст ҳамин моҳ воксани русии "Спутник V" ба Венесуэла расад.

Аввалин касоне, ки бо воксани русии  "Спутник V" дар Фаластин эм карда мешавнд, кормандони тиб ва одамони солманд мебошанд. 

Дар Кореяи Ҷанубӣ аксари шаҳрвандон майли зиёд ба эмкунӣ аз коронавирус надоранд, онҳо мехоҳанд аввал бубинанд, ки ин воксан ба дигарон чӣ таъсир хоҳад дошт.

Дар Чин як нафар зарфи ин ҳашт моҳи охир  бар асари коронавирус аз олам даргузашт. Як гурӯҳи даҳнафара аз ҷумлаи аз коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вориди шаҳри Вуҳони Чин шуданд, то дар мавриди хуруҷи коронавирус таҳқиқот наҷом диҳанд. Донишмандон қасд доранд аз кормандони пажӯҳишгоҳҳои таҳқиқотӣ, кормандони беморхонаҳо ва тоҷирони бозорҳои маводи ғизоӣ, ки аввалин бор вируси корона аз он ҷо хориҷ шудаву паҳн гардидааст, маълумот ҷамъоварӣ намоянд. Онҳо қаҳчунин намунаҳои маводҳои биологие, ки аз беморон ҷамъоварӣ шуда буд, мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Вале аввал ба онҳо лозим меояд тибқи низоми роиҷ ду ҳафтаро дар карантин пушти сар кунанд.

Дар шабонарӯзи гузашта дар 85 минтақаи Русия 24 763 ҳодисаи нави сироят ба КОВИД – 19 ба қайд гирифта шуд. Дар 13,8 дарсади беморон аломатҳои беморӣ дида намешуд. 

Дар Қазоқистон рӯзи 14 январ боз 834 мавриди сироят ба коронавирус сабт шуд. то кунун дар ин кишвар 165 311 нафар олуда ба ин вирус шуданд.

15 январи соли 2021  Қирғизистон хабар дод, ки аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 82 723 нафар ба Covid-19 гирифтор шудаанд. Мизони маргумир 1,67%.

Иттило дар мавриди фавт аз коронавирус дар Ӯзбекистон аз ин ба баъд танҳо бар асоси дархости расмӣ ироа хоҳад шуд. Дар ин бора вазири тандрустии ин кишвар Абдуҳаким Ҳоҷибоев хабар дод. 

То 15 январи соли 2021 дар Ӯзбекистон 77 777 ҳодисаи сироят ба коронавирус  Covid-19 сабт шудааст. Мизони маргумир: 0.79%.