Activities calendar

21 январи 2021

Дари бастаи боз як сокини пойтахтро боз карданд. Шаҳрвандон қабл аз берун рафтан аввал бояд бубинанд, ки калид куҷост

Як сокини хиёбони Рӯдакии пойтахт ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе занг зад ва хабар дод, ки дари манзили истиқоматиаш баста ва ду кӯдаки ноболиғаш дар дохили хона мондаанд.

Соати 13:20 дақиқа Дастаи махсуси зудамали наҷоти...

Анҷоми боз як давраи омӯзишӣ барои кормандони тибии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Нимаи аввали имрӯз, 21 январ дар маҷтамаи саломатии “Сароб”-и ноҳияи Варзоб давраи чаҳоррӯзаи омӯзишии “Ёрӣ ба зарардидагон” ҷамъбаст гардид.  Ин давраи омӯзишӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

COVID-19: Шумори мубталоён аз 97 миллион нафар гузашт. Аз аввали соли 2021 дар Исроил аз коронавирус 800 нафар ҷон бохтанд

Шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба 97 миллиону 317 ҳазору 132 нафар расид. Шабонарӯзи гузашта боз 262 698 нафар мубтало шуданд. Аз ин беморӣ аз оғози ҳамагирӣ 2 миллиону 083 ҳазору 594 нафар фавтиданд шумори муолиҷашудагон 69 миллиону 867 ҳазору 134 нафар ва 112 498 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ИМА, Ҳинд, Бразилия, Русия, Британияи Кабир, Фаронса, Италия...