Activities calendar

06 январи 2021

Сӯхтор дар Ашт. Соҳиби хона, пирамарди 76-сола ба ҳалокат расид

Сӯхтори кушанда як поси шаб хонаи як сокини 74-солаи ҷамоати Ориёнои ноҳияи Аштро ба коми худ кашид. Замоне буд, ки бошандагони хона дар хоб буданд. Алангаи оташ дар як лаҳза шаби торику сарди зимистонро рушан кард ва садои сӯхтани чӯбу тахтаҳо ҳамсоягонро аз хоб бедор намуд.

Ба ҷои ҳодиса, Хадамоти оташнишонии ноҳияи Ашт...

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Чаноқ. Мошин ба ҷарии 300 метр сарозер шуд. Ронанда ба ҳалокат расид

Ин садама рӯзи 5-уми январи соли равон, тақрибан соати 12:10 дақиқа, дар км 146-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, дар қаламрави рустои Хушекати ноҳияи Айнӣ рух дод. Як мошини боркаши тамғаи “Дулон”, ки аз ҷониби ронандаи 53 – сола, сокини ноҳияи Шаҳристон идора мешуд, ба ҷарии тақрибан 300 метр сарозер шуд.

Бино ба гузориш сабаби ин садама он буд, ки ронанда аз...

COVID-19: Беш аз 600 рӯзноманигор аз 59 кишвари олам аз коронавирус ҷон бохтанд. Чин ба таҳлилгарони илмии СҶТ иҷозаи вуруд намедиҳад. 98,1% сироятшудагон дар Тоҷикистон шифо ёфтаанд

Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 86 миллиону 866 ҳазору 615 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта 258 663 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шудааст. Аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 876 ҳазору 726 нафар фавтиданд. Шумори муолиҷашудагон 61 миллиону 594 ҳазору 041 нафар эълон шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии...