COVID-19: Сироятшудагон дар олам беш аз 95 миллион, ҷонбохтагон зиёда аз 2 миллион

Шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба 95 миллиону 493 ҳазору  908 нафар расид. Шабонарӯзи гузашта боз 196 953 сироятшудаи нав сабт шуд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷонбохтагон аз КОВИД-190 2 миллиону 039 ҳазору 890 нафар эълон кард Аз ин беморӣ то кунун 68 миллиону 207 ҳазору 653 нафар шифо ёфтаву ҳоло 113 33 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Бразилия иҷозат дод, ки воксани британиёиву шведии AstraZeneca ва чинии CoronaVac дар ин кишвар истифода шавад. Пештар Агентии миллии бразилии назорати беҳдоштӣ (Anvisa) дархости истифодаи воксани русии "Спутник V" аз коронавирусро дар ҳолатҳои фавқулода рад карда буд. Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки танзимгари маводи доруворӣ маълумоти бештаре дар бораи марҳилаи сеюми озмоиши воксани русии "Спутник V" талаб кард.

Австралия маҳдудиятҳои зиддикоронаиро то 7 феврали соли равон тамдид кард.  

Канслери Австрия Себастян Куртс сабаби дар ин кишвар авҷ гирифтани гунаи британиёии коронавирусро шарҳ дод. 

Дар Британияи Кабир шумори бемороне, ки ниёз ба беморхонаҳо доранд, меафзояд. Ҳар 30 сония як гирифтори нав ба коронавирус муроҷиат мекунад. Рӯзи душанбе Британия боз 10 маркази бузурги воксанзанӣ боз мекунад. Ин марказҳо бештар дар варзишгоҳҳои калон, таваққуфгоҳҳои бузурги мошинҳо ва як калисои ҷомеъ ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард.  Мақомот ба ин умеданд, ки то 15 феврали соли равон қариб 15 миллиону сокинон, аз ҷумла афроди солманди аз 70-сола боло, духтурон, касоне, ки бо беморони гирифтори ковид сарукор доранд, шахсони аз нигоҳи саломатӣ осебпазирро эм кунанд. 

Дар Ҳинд эмкунии саросарии аҳолӣ оғоз гардид. Дар рӯзи аввал 190 ҳазор нафар эм карда шуданд. Гуфта мешавад, ки эмкунӣ зидди коронавирус дар Ҳинд бояд гастардатарин дар олам бошад. 

Дар Белоруссия сар аз моҳи апрел эмкунии саросарии аҳолӣ оғоз мешавад. Дар ин бор рӯзи 17 январ вазири тандурустии ин кишвар Дмитрий Пиневич иттило дод. Вазири тандурустӣ ҳамчунин таъкид кард, ки дар навбати аввал кормандони тибб, омӯзгорон, кормандони соҳаи нақлиёт, савдо ва ВАО эм карда хоҳанд шуд. 

Дар аввалин фурсат баъди ба вазифаи президенти ИМА ба кор оғоз намудан, Ҷо Байден як силсила фармонҳоро дар мавриди коронавирус, иқтисодиёт, иқлим ва табъид имзо хоҳад кард. Дар ин бора Рон Клейн – сарвари ояндаи Дастгоҳи Кохи Сафед хабар дод. Маросими савгандёдкунии Ҷо Байден дар ҳалқаи тадбирҳои шадиди амниятӣ баргузор мешавад. Дар қатори ҳазор корманди пулис бештар аз 20 ҳазор сарбозони Гвардияи миллӣ ҷалб хоҳанд шуд.