COVID-19: Шумори гирифторон дар олам аз 96,6 миллион гузашт. Аввалин 1100 дозаи воксани зидди коронавирус ба қувваҳои ҳарбии Русия дар Тоҷикистон расид

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ субҳи имрӯз шумори мубталоён ба коронавирус дар ҷаҳонро  96 миллиону 643 ҳазору 566 нафар эълон кард. Шабонрӯзи гузашта боз 249 ҳазору 446 нафар ба ин ҷамъ пайвастанд. Аз КОВИД-19 дар олам  2 миллиону  066 ҳазору 003 нафар ҷон бохтанд. Шумори муолиҷашудагон 69 миллиону 323 ҳазору 391 нафар буда, ин лаҳзаҳо дар бемористонҳои олам 112 ҳазору 171 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Вазорати тандурустии Фаронса хабар дод, ки ба ҳар 500 ҳазор воксангирифтагон аз SARS-CoV-2 139 нафар дучори таъсири манфӣ шуданд ва панҷ нафар фавтиданд. Аммо иллати аслии марги ин афрод таҳқиқ нашудаанд. Фавтидагон асосан солмандон ва касони мубтало боз ба чандин бемории дигар буданд.

Коршиносони конгломерати Швейтсария Credit Suisse дар таҳқиқоти худ    мегӯянд, ки бӯҳрони COVID-19 метавонад тавозуни геополитикии қудратро тағир диҳад, аммо ин ба таҷрибаи таърихии оқибатҳои пандемияи қаблӣ - вабо ва зукоми испанӣ комилан мувофиқ аст. Коршиносон мегӯянд, кишварҳое, ки ба пандемия назар ба дигарон беҳтар муқобила кардаанд, дар арсаи геополитикӣ бартарӣ хоҳанд дошт. Вале мо ба ин назарем, ки мубориза бо худи ҳамагирӣ кифоя нест, оқибатҳои иқтисодии онро низ бомуваффақият бартараф кардан зарур аст.

 Пеш аз ҳамагирӣ, мегӯянд коршиносон, дар ҷаҳон беэътиноӣ ба созмонҳои байналмилалии ҷаҳонӣ афзоиш меёфт, шояд ба истиснои Сандуқи байналмилалии пул, аммо пандемия ҳам кишварҳоро наздик накард - ҳукуматҳо асосан мустақилона амал мекарданд, баъзан марзҳоро яктарафа мебастанд. Коршиносон мегӯянд, ки ҳатто дар дохили минтақаи Шенген содироти маҳсулоти хӯрокворӣ қатъ шудааст ва ҳукуматҳо робитаро дар бораи пайдоиши вирус ба тартиб дароварда, таҳқиқи вазъро талаб карданд.  

Дар Британияи Кабир дар шабонарӯзи гузашта 33 355 ҳодисаи нав сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Аз аввали ҳамагирӣ  дар ин кишвар 3 466 849 ҳодисаи мубтало шудан ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуда, 91 470 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Рӯзи сешанбе дар Рум баъди кормандони муассисаҳои давлатии тиббӣ духтурони хусусӣ ҳам ба эмкунӣ аз коронавирус оғоз карданд. Дар маҷмӯъ, қарор аст, ки рӯзҳои наздик 8000 нафар аз ҷумлаи ин одамон эм карда шавнад.

Ҳукумати Мексика эълон кардааст, ки аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ 7,4 миллион доза воксан аз коронавируси «Спутник V»-ро харидорӣ кунад. Дар ин бора рӯзи 19 январи соли равон дар як нишасти матбуотӣ сарвари ВКХ Мексика Марсело Эбрард хабар дод.

Вазири тандурустии Фаронса аз шаҳрвандон хостааст, ки аз ниқобҳои матоъии дастдӯхт даст кашанд. Ниқобҳои хонагӣ боэътимод нестанд ва "кафолати зарурӣ намедиҳанд" гуфт ӯ. «Он ниқобҳое, ки қудрати полоиши он аз 90% зиёдтар аст, эътибор доранд. Ин тақрибан ҳама ниқобҳои ҷарроҳӣ мебошанд, ки барои оммаи васеъ дастрасанд,- гуфт Веран. "Ниқобҳои худсохт, ҳатто бо ниятҳои беҳтарин дар ҷаҳон, мутаассифона, аксар вақт кафолати зарурӣ намедиҳанд."

Дар Русия воксанзании сартосарӣ дар кулли минтақаҳои он оғоз шудааст. Дар ин бораи Михаил Мурашко – вазири тандурустии ин кишвар хабар дод. Ҳамаи хоҳишмандон метавонад барои эм кардан худро дар портали расмии хадамоти давлатӣ номнавис кунанд. 

Ба қисми низомии Русия мустақар дар Тоҷикистон аввалин 1100 дозаи воксан аз уфунати коронавирус ворид шуд, хабар дод РИА Новости истинодан ба хадамоти матбуотии Округи марказии ҳарбӣ.