Илм ва фанноварӣ. Ёде аз таърихи мошинҳои барфрӯбӣ дар рӯзҳои сарди зимистон

Имрӯз наметавон ҳаёти худро бе вуҷуди мошинҳои барфрӯбӣ тасаввур кард. Аммо замонҳои пеш, ҳатто як аср пештар мушкилоти шаҳрҳо дар зимистон ба маротиб бештар буд. Кӯчаҳои барфпӯш равуои одамон ва аробаҳоро душвар мекарданд. Он замон мошин ба ҳадди имрӯз зиёд набуд ва шаҳрҳо ҳам камҷамъият буданд. Вале зимистон ва замони яхбандӣ мушкилоти чӣ шаҳриён ва чӣ деҳотиёнро афзун мекарданд.

Имрӯз ин гуна мошинҳо танҳо барои шаҳрҳо лозим нестанд. Шоҳроҳҳо бояд тоза карда шаванд, то ин ки равуои бемамониати мошинҳо таъмин гардад. Бахусус, роҳҳои морпечи ағбаву куҳистон дар фасли сармо барои равуои мошинҳо мушкилоти зиёд пеоранд. Ва агар барф бошиддат борад ва роҳрӯбон натавонанд сари вақт онро пок созанд, роҳҳо барои муддате баста мешаванд.

Дар иқлими кишвари мо, ки як мамлакати куҳистонист, ин мушкил ҳамеша вуҷуд доштааст ва имрӯз ҳам, ки дар остонаи вуруди зимистон қарор дорем, мушкил беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мешавад. Дар ҳоле ки мо намедонем зимистони пурбарф моро интизор аст ё камбарф. Вале аз он хотирҷамъем, ки ҳатто ағбаҳои худро бо мошинҳои барфрӯбӣ сари вақт метавонем тоза кунем ва хатари офатҳову рӯйдодҳои нохӯшро коҳиш диҳем.

Мошинҳои барфрӯбӣ чӣ таърихе доранд? Кай бори аввал ин гуна техника дар олам пайдо шуд?

 Аввалин мошини барфрӯбиро  Герберт Фритс дар аввали солҳои 80-и асри XIX сохтааст. Вай муҳаррик надошт, аз ин рӯ барои ба ҳаракат даровардани он пайваста бояд дастаки онро тоб медоданд. Ин мошини аввалин танҳо  метавонист барфи масофаи якуним метрро рӯбад ва ба роҳро тоза кунад. Аз ин рӯ, он дар империяи Австрияи онрӯза маъруфият пайдо накард. 

Баъди чанд сол яке аз ҳамкорони Фритс академик Писерман ба мошини барфрӯбӣ аввалин шуда муҳаррикро пайваст намуд. Ин ҳодиса 23-уми январи соли 1885 иттифоқ афтод. Ва метавон ин санаро расман таърихи ихтирои аввалин мошини барфрӯбӣ номид 

Баъзе муҳаққиқон ба ин назаранд, ки пешгузаштаи мошинҳои барфтозакунии имрӯзаро, ки бемалол барфи кӯчаву хиёбони моро тоза мекунанд, Синтия Вестовер дар соли 1892 сохтааст. 

Аммо андешаҳои дигар ҳам дар ин бора кам нестанд. Мегӯянд аввалин бор патенти истеҳсоли ин гуна мошинҳо соли 1840 содир шуда буд. Вале то каунун ягон далели расмие вуҷуд надорад, ки ин патентро касе истифода кардааст ё на. Танҳо соли 1862 вақте дар дар шаҳри Милуоки (бузургтарин шаҳри иёлоти Висконсини ИМА) аспҳои дар ароба басташуда кӯчаҳоро тоза мекарданд, аввалин хабари пайдо шудани ин гуна мошин паҳн шуд. 

Вале мошини аввалини муҷаҳҳаз соли 1913 пайдо шуд: ин гуна техника дар баданаи мошинҳо ва тракторҳо васл карда буданд. Раванди руфтани барфи кӯчаву хиёбонҳо баъди пайдоиши ин гуна техника осонтар шуд.

Тараққии соҳаи ҳавонавардӣ ҳам як таконе шуд ба он ки техникаи барфтозакунӣ ҷиддан муҷаҳҳазонида шавад. Он замон камтарин барф метавонист сабабгори сарнагун шудан ё ба садама дучор омадани ҳавопаймоҳо шавад. Фурудгоҳҳоро лозим меомад барои нишасту бархсти тайёраҳо ҳама чораҳои амниятиро андешанд.