Даҳҳо кишвари олам тибқи барномаи байналмилалии COVAX соҳиби воксан зидди коронавирус шуданд. Аз ҷумла, чанд кишвари африқоӣ: Нигерия, Судон, Гана, Руандо, Ангола, Лесото, кишварҳои осиёӣ: Ҳиндустон, Комбоҷа аз ин зумраанд. Кишварҳои фақире чун Молдова ва Колумбия низ ба ин воксан дастёбӣ пайдо карданд. Қарор аст тибқи ҳамин барнома ҳафтаи оянда боз 31 кишвари дигар соҳиби воксан шаванд. Бино ба гуфтаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 14,4 миллион доза ин воксан ба ин мамолик интиқол хоҳад ёфт.
Президенти ИМА Ҷо Байден қарори мақомоти иёлоти Техас ва Миссисипиро дар бораи бекор кардани ҳатмии пӯшидани ниқобро "тафаккури неандерталӣ" номид.
Олмон ҳаддиақал то охири моҳи март дар локдаун боқӣ хоҳад монд. Ҳукуматдорон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки танҳо дар ду замини федералӣ аз 16 замини федерол сироят ба КОВИД-19 то ҳадде коҳиш ёфтааст.
Ҳукуматдорони Британияи Кабир билохира шахси шашумеро, ки ба ин кишвар штамми “бразилии” коронавирусро оварда буд, пайдо карданд. Ҳафтаи гузашта Британияи Кабир аз пайдо шудани шаш сироятёфта ба гунаи бразилии коронвирус хабар дода буд. Панҷ нафар аз оғоз маълум буданд, аммо шахси шашум, ки низ ҳамроҳ бо онҳо тест супурдаву натиҷаи санҷишаш мусбат буд, ба духтурон дар бораи худ ягон маълумот намонда буд. Донишмандон мегӯянд штамми бразилӣ нисбат ба гунаҳои дигар зараровартар ва сироятшавандатар аст.
Ҳукумати Ироқ расман воксани русӣ аз коронавирус «Спутник V»-ро барои истифода иҷозат дод.
Чин омода аст Созмони ҷаҳонии тандурустиро дар муборизааш бо коронавирус ва тақсими воксан аз COVID-19 дастгирӣ намояд.
Дар пойгоҳҳои ҳарбии ИМА дар қаламрави Кореяи Ҷанубӣ сироятшудагони нав ба вируси корона ошкор мешаванд.
Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ тасмим гирифтааст воксани ширкатҳои британиёӣ ва шведии AstraZenecaро ё фурӯшад ва ё иваз намояд. Пештар маълум шуд, ки ин дору ба муқобили штамми нави коронавирус, ки дар кишвар пайдо шудааст, беасар аст.
Дар Гурҷистон аз 5 март вуруди сокинони Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон аз тариқи роҳи ҳавоӣ иҷозат шуд.
24,1% сокинони Украина ният дорад агар ин гуна имкон фароҳам ояд, худро зидди коронавирус эм кунанд.
Беш аз 80% сокинони Тоҷикистон аз омодагии худ барои қабули воксани зидди коронавирус изҳор доштанд. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод.
Ин вазорат ҳамчунин иттило дод, ки дар марҳилаи аввал кормандони тибб, сокинони аз 60-сола боло ва одамони гирифтори бемориҳои музмин эм карда хоҳанд шуд.