Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 9 марти соли 2021 бинобар баланд шудани дамои ҳаво ва боришоти эҳтимолӣ дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма, резиши санг, инчунин эҳтимоли омадани сел дар ноҳияҳои наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон вуҷуд дорад. Ҳамчунин аз эҳтимоли боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаву дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва дарёҳои Обихингоб, Қизилсӯ ва Ёхсӯ мерезанд, низ зиёд аст.
Дар ин робита, Кумита бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя кунанд, аз сайругашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғҳо ва дигар зироатҳои дар минтақаҳои кӯҳӣ парваришёфта худдорӣ кунанд. Кумита ба чӯпонҳо муроҷиат мекунад, ки дар селроҳаву нишебиҳо ва минтақаҳои тармарезу сангрез молчаронӣ накунанд.
Бо мақсади пешгирии обхезӣ дар кӯчаҳо ва хонаҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда инчунин аз аҳолӣ ва хадамоти коммуналии кишвар хоҳиш мекунад, ки бори дигар тамоми ҷӯйбору каналҳои минтақа ва назди хонаҳояшонро тоза кунанд.
Ҳамчунин Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳое, ки эҳтимоли хатар зиёд аст, ба минтақаҳои тармахез нараванд ва агар сафари зарурӣ доранд, пас хеле эҳтиёткор бошанд.
Дар ҳоли ба миён омадани ягон ҳодисаи фавқулода бо телефонҳои зерин ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед:
93 880 28 19;
221-91-19;
223-13-11.