Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои шадиди рӯзи 14-уми март

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон 14 март дар саросари кишвар  боронҳои шадид (дар кӯҳҳо дар баландиҳои бештар аз 2500 метр барфи тар) дар назар аст.

Хатари боло рафтани оби дарёҳову рӯдхонаҳо ва дар роҳҳои кӯҳӣ омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг таҳдид мекунад.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад бехатарии шахсиро риоя кунанд. Дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба назди махзанҳои об, соҳили дарёҳо, гардишгариву сайри кӯҳу дара худдорӣ намоянд. 

барчасп: