Садамаи мошинҳо. Чаро мошинҳо ба ҳам бармехӯранд? Оморҳои такондиҳанда аз ҷаҳон ва Тоҷикистон

ШАРҲИ ИСТИЛОҲ: садама, тасодуф - як бор ба ҳам задани ду чиз, ба ҳам кӯфтан (Фарҳанги забони тоҷикӣ).  Як навбат куфтани ду чиз бо ҳам (Ғиёс-ул-луғот). Бархӯрд кардани василаи нақлия бо шахс ё чизе. Рӯ ба рӯ шудан; ба сурати ғайримунтазира ба касе ё чизе бархӯрд карданд. Ҳодиса. Иттифоқи ғайри қобили пешбинӣ. (Фарҳанги Амид).  Муқобил ва рӯ ба рӯ шудан бидуни қасд. Бархӯрдан, бархӯрд. Сонеҳа, ҳодиса. Марг ё ҳаракатҳои ношӣ (пайдошуда) аз вожгун шудан ё ба ҳам хӯрдани василаи нақлия, ҳавопаймоҳо (Луғатноми Деҳхудо).

Тасодуфи ронандагӣ, садамаи мошин, дар форсии дарӣ “ҳодисаи трофикӣ”. Ба ҳодисаҳое гуфта мешавад, ки мошинҳо дар роҳу ҷодаҳо ба ҳам бармехӯранд ва ё як мошин бо сабабе чаппа мешавад, ба ҷойе мерасад ва як хатари амниятӣ ба вуҷуд меорад. Дар ин гуна ҳодисаҳо мошинҳо хароб мешаванд, одамон ба ҳалокат мерасанд ва ё захмӣ мегарданд. Садамаҳои мошин яке аз омилҳои аслии марги одамон дар саросари олам дониста мешаванд.

Омилҳое чун нӯшидани машрубот, истеъмоли доруҳои хобовар, хоболудагӣ ва ғайра аз ҷумлаи сабабҳои бисёре аз садамаҳо мебошанд. Дар баробари ин иллатҳои дигаре чун харобии  системаи тормоз, фарсуда будани мошин, камнур будани чароғҳо ва ғайра ҳам метавонанд аз омилҳои садама бошанд. Баъзан омилҳои муҳитӣ, аз ҷумла боду борон, тира будани ҳаво, ях, харобии роҳу ҷодаҳо заминасози ин гуна ҳодисаҳо шаванд. Вале иштибоҳҳои инсонӣ, аз қабили риоя нашудани қоидаҳои ронандагӣ, риоя накардани фосилаи ҳаракати байни мошинҳо дар роҳҳои душворгузар, бахусус дар роҳҳои кӯҳӣ ҳангоми борандагиҳои шадид сабабҳои бештари ин гуна садамаҳо мебошанд. Бахусус, дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон бисёр вақт садамаҳое рух медиҳанд, ки одамон қурбон мешаванд, мошинҳо пурра аз истифода мебароянд, амнияти атрофиён халалдор мешавад.

Маъмулан садамаи ду мошин метавонад дар се ҳолат рух диҳад:

  • бархурд аз ақиб (мошине аз қафо ба мошини пеш бармехӯрад);
  • садама аз бағал, яъне мошине дар ягон роҳи камбар ба бағали мошини дигар мерасад.
  • садамаи рӯ ба рӯ.

Одатҳое, ки сабабгори садамаҳо мешаванд:

  • ронандагӣ бо чароғҳои хомӯш дар шаб;
  • суҳбат ва таваҷҷуҳ ба ҳамсафар ҳангоми ҳаракат;
  • хӯрдан ва нӯшидан ҳангоми ронандагӣ;
  • риоя накардани фосила байни мошинҳои дар ҳоли ҳаракат;
  • ҳаракатҳои намоишӣ;
  • диққат надодан ба аломатҳои ҳаракат дар роҳҳо;
  • суҳбат бо телефони ҳамроҳ ҳангоми ронандагӣ;
  • вуҷуди нуқси техникӣ дар мошин ва бетаваҷҷуҳии ронанда ё соҳиби мошин ба ислоҳи он;
  • баҳсу суҳбатҳои саргармкунанда дар дохили мошин;
  • хӯрдани шарбат ва ё маводҳои хобовар;
  • истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ;
  • истеъмоли маводи мухаддир;
  • истифода накардан аз камарбанди эминӣ, ки сабаби марг дар садама мешавад;
  • шунидани мусиқӣ дар мошин ҳангоми ҳаракат;
  • ҳузури ҳайвон дар мошин;
  • доштани пойафзоли пошнабаланд.

Як омиле, ки бештар сабабгори садамаҳо дар роҳҳо мешавад, риоя накардани суръати ҳаракат аст. Баъзан ронандагон беш аз меъёр суръатро боло мебаранд ва дар роҳҳои мушкилгузар ва ё рӯ ба рӯ шудан бо мошини дигар наметавонанд аз уҳдаи идораи он бароянд. Онҳо бо саросемагӣ, ки мабодо ба мошини пешорӯ барнахӯранд, худрави худро ё сӯи ҷарӣ ё ба садди дигар равона месозанд.

Хатои дид

Хатои дид (номҳои дигар: хатои  босира,  хатои басирӣ, хатои чашм)  яке дигар аз омилҳои садамаҳои мошин мебошад. Баъзе касоне, ки тибқи тавсияи духтурон бояд айнак дошта бошанд, вале ҳангоми ронандагӣ ин тавсияро сарфи назар мекунанд, аз айнак истифода намекунанд ва ин дар диду биниши онҳо хато эҷод мекунад ва боиси садамаҳо мешавад. Хоболудии ронанда ва истеъмоли доруҳои таскиндиҳанда ҳам метавонад боиси хатои дид ҳангоми ронандагӣ шавад.

Хатои дид - номҳои дигар: хатои  босира, хатои
басирӣ, хатои чашм. Фиреби ҳисс ё ғалати тасаввур.
Ба сурати умум як тасаввуроест, ки аз ҷониби
системаи физиологии дастгоҳи биноӣ эҷод
мешавад ва он аз воқеъият фарқ мекунад.
 Хатои дид гуногун аст ва табақабандии онҳо низ
 мушкил аст, зеро дар бисёр ҳолатҳо
ва иллати аслии он чандон рушан нест.

Таъхири дарк, мушкили роҳҳо

Дар ҳоли хастагӣ мошин рондан ва ё дар ин гуна ҳолатҳо хеле дурудароз сари чанбари мошин нишастан ронандаро камфаъолият мекунад ва ӯ метавонад хатари пешорӯро дертар дарк кунад. Ҳамчунин нӯшокиҳои мастиовар ва ё доруҳои таскинбахш истеъмол намудан, ба ронандагӣ кардан низ хатар дорад. 

Дар қатори омилҳои дигари садамаҳои мошин метавон аз тарроҳии ҷодаҳову роҳҳо, таъмири мошин ва омодагии қаблӣ барои сафарро ҳам ном бурд. Бахусус ронандаро лозим меояд қабл аз сафар ба шаҳр ё деҳоти дур мошинро комил аз назар гузаронад. Бояд бидонад, ки оё ин мошин барои ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар фасли зимистону баҳору тобистон омода аст ё на?

Гурӯҳбандии садамаҳо:

  • баҳамбархӯрдан
  • сарнагунӣ
  • бархӯрд бо нақлиёте, ки ҷойе истодааст
  • бархӯрд бо монеъае
  • бархӯрдан бо пиёдагард ё зер кардани пиёдагард
  • бархӯрд бо дучархасавор
  • бархӯрд бо ҳайвонот
  • садама ҳангоми боркашӣ
  • дигар намудҳои ҳодисаҳои нақлиётӣ, ки номбар нашуданд.

Аз таърих

Аробаи Кюнюо аввалин худраве будааст, ки дучори  садама шудааст. Ин мошин моли 1769 дар Фаронса аз ҷониби муҳандин Никола Жозеф Кюню (ихтирокори фаронсавӣ, ки солҳои 1725 – 1804 зистааст) сохта шуда буд.

Ҳамчунин таркиши деги буғӣ дар соли 1834  рух додааст, ки дар он одамон ҷон бохтаанд. Шахсе бо номи Ҷонн Лиминг тахмин задааст, ки солҳои 1863-1870 дар Британияи Кабир ба ҳар як миллион нафар 470 нафар бар асари садамаи нақлиёт ҷон бохтанд, 76 нафар дар садамаи роҳи оҳан, 143 нафар дар роҳҳо ва 251 тан дар нақлиёти обӣ.

Солҳои 1920 дар ИМА консепсияи бимакунонии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии дорандагони воситаҳои нақлиёт арзи вуҷуд кард.

Аз солҳои 1920 Бела Барени (ихтирокори техникаи автомобилӣ) падари бехатарии ғайрифаъол – тадбирҳои коҳиши хатар ва зарарҳо ҳангоми садамаҳои нақлиётӣ шуд. Аввалин “мерседес” тибқи принсипҳои вай соли 1959 ихтиро шуд. Худи ҳамон сол Нилс Болин (муҳандиси шведӣ, ихтирокори камарбанди амниятӣ) камарбанди эминии сенуқтаии навъи муосирро пешниҳод намуд. 

Соли 1965 китоби Ралф Нейдер (вакили мудофиа ва сиёсатмадори чапгарои амрикоӣ) бо номи “Дар ҳар суръат хатарнок” чоп шуд, ки аз камбудиҳои мошинҳои тавлиди он замони Амрико дар масъалаи эминиву бехатарӣ баҳс мекард. 

Сол 1997 дар Шветсия барномаи комилеро барои решакан намудани садамаҳои ҷонгир роҳандозӣ карданд ва зарфи 20 соли оянда ин кишвар тавонист маргумир бар асари ҳадисаҳои нақлиётиро ду баробар коҳиш диҳад ва онро ба 22 марг сари ҳар як миллион нафар оварда расонад.

 Тибқи оморҳои расмии расонаишида дар соли 2010 маргумир бар асари тасодуфҳои нақлиётӣ дар Русия наздик ба 150 нафар ба ҳар як миллион буд. 

Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи октябри соли 2005 ба кишварҳои узви СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуд, ки Рӯзи ҷаҳонии ёдбуди қурбониёни ҳодисаҳои нақлиётӣ эълон карда шавад. 

Аввалин садамаи мошини бе сарнишин соли 2016 дар Флорида рух дод.

БАРОИ МУЛОҲИЗА: Аз соли 2000 то 2020 дар Русия 4 022 023 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин ҳодисаҳо 568 403 нафар ҷон бохтаанд ва 4 985 121 захмӣ шудаанд. Дар миёни захмиён кам нестанд касоне, ки қобилияти кории худро аз даст додаву барои тамоми умр маҷруҳ мондаанд. Тибқи қонунҳои Русия то соли 2009 танҳо касоне куштаи садама номида мешуданд, ки то 7 шабонарӯз баъди рӯйдод ҷони худро аз даст додаанд. Онҳое, ки баъди ин 7 рӯз мефавтиданд, шомили омор намешуданд. Аммо аз соли 2009 ин низом тағйир дода шуд ва акнун захмишудагон муддати 30 рӯзи оянда назорат мешаванд. 

ЗИМНАН, дар аксари кишварҳои Аврупо касони то 30 рӯзи оянда баъди садама фавтида чун қурбонии тасодуфи мошин ба қайд гирифта мешаванд. Аммо дар Молдовия муддати як сол ҳам куштаи садама номида мешавад. Словакия танҳо касонеро аз ҷумлаи қурбониёни садама меномад ва сабт мекунад, ки муддати як рӯз баъд ҷон додаанд, Дар Португалия ва Албания дар ҷойи ҳодиса қурбоншудагон чун куштаи садама сабт мешаванд.

ВА ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Тоҷикистон низ ҳар сол садҳо садамаҳои мошин ба қайд гирифта мешавад ва дар онҳо ҳазорон нафар куштаву захмӣ мешаванд. Ин иқтибос аз як суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: Дар солҳои 2017-2018 дар роҳҳои кишвар қариб 2300 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 721 нафар ба ҳалокат расида, 2370 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, маъюб шудаанд. Яъне 721 оила мотамзадаву бадбахт шуда, ҳазорон кӯдакон ятим гардидаанд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо ба дӯши давлат меафтад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳодисаҳои бо марг анҷом ёфтани садамаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат Файзобод, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳристон, Хуҷанд, Деваштиҷ, Мастчоҳ, Спитамен, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Кӯлоб, Данғара, Норак, Фархор, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин, Хуросон, Ҷайҳун ва Ёвон ташвишовар буда, зарур аст, ки барои таъмин намудани бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

ТАҲИЯИ Б.ШАФЕЪ