Тадбирҳо барои таъмини бехатарии аҳолӣ дар Суғд

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, Шӯъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, таъмини бехатарии аҳолӣ дар минтақаҳои хавфнок, чораҳои саривақтӣ андешида, корҳои соҳилбандиву мустаҳкамкунӣ ва барқарорсозиро идом а медиҳанд.

Дар ноҳияи Шаҳристон дар ҳамкории бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳия бо Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии Заринрӯди минтақавии ноҳия корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ роҳандозӣ гардиданд. Ҳашари дастаҷамъона дар Қармасойи деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Шаҳристон бо ҷалби сокинони маҳал ва бо истифодаи 2 адад техникаҳои муҳандисии Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия гузаронида шуд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ноҳияи Шаҳристон низ дар миқёси кишвар аз ҷиҳати таҳдид хавфи офатҳои табиӣ яке аз минтақаҳои осебпазир ба шумор меравад, ҳамасола аз ҳисоби бориши пай дар пайи барфу борон омадани сел ба қайд гирифта мешаванд.

Барои коҳиши хавфи офатҳои табиӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Шаҳристон, Шӯъбаи Раёсат дар ноҳия, идораву ташкилотҳо, сокинони маҳал чораҳои пешгирикунанда ба роҳ монда шуда, Ситоди ноҳиявии доимоамалкунанда таъсис дода шуда, корҳои пешгирикунанда ба монанди соҳилбандӣ, тоза кардани селроҳаҳо аз партову сангу шағал, ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона бо ҷалби аҳолӣ, шинондани дарахтон дар шафати селроҳаҳо, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни ахолии ноҳия  гузаронида мешаванд.

Ш. Бутаева