Қатори аз хат хориҷшуда дар Тайван 41 кушта бо ҷой гузошт (ВИДЕО)

Як қатор дар Тайван аз хати ҳаракати худ хориҷ шудаву дар ин ҳодиса ҳаддиақал 41 нафар кушта шудаанд ва шумори захмиён беш аз 60 нафар эълон шудааст. қатор бо 490 мусофир дар як нақб дар ҳоли ҳаракат буд. Хабаргузории Рейтер навиштааст, ки ин бузургтарин ҳодисаи маргбори қатор дар Тайван дар ин 40 соли охир мебошад.

Бино ба гузориши хадамоти наҷоти ин кишвар имдодгарон ҳоло то вагони чорум, ки сахт осеб дидааст, расидаанд ва қатор дар умум бо 8 вагон ҳаракат мекард.

Ин қатор аз пойтахти Тайван шаҳри Тайбэй ба шаҳри Тайдун, ки як шаҳри дигари калони Тайван аст, ҳаракат мекард.

Аммо мақомот то кунун дар мавриди шумори мусофирон рақамҳои гуногунро нашр кардаанд. Дар аввал гуфта мешуд, ки дар қатор 350 нафар сафар доштанд, вале баъдтар эълон шуд, ки 490 нафар савори қатор буданд. Расонаҳои хабарии Тайван гуфтаанд, ки бисёре аз мусофирон рост меистоданд, чун ҷойи нишаст набуд ва дар сонеҳа онҳо бештар маҷруҳ шуданд.

Аз чор вагоне, ки наҷотдиҳандагон ба онҳо расиданд, аз 80 то 100 нафар берун оварда шуданд. Аммо вагонҳои 5-8 ба ҳадде ба ҳам часпидаанд, ки хеле мушкил аст ба онҳо расиданд.

Соли 2018 дар натиҷаи аз хат берун шудани қатор дар Тайван 18 нафар ҳалок ва 175 нафар захмӣ шуда буданд.

Соли 1981 бар асари бархӯрди қатор дар шимоли Тайван 30 нафар кушта шуда буданд.

барчасп: