COVID-19: Дар Тоҷикистон 3 ҳазор нуқтаи эмкунӣ боз карданд

3-уми апрели соли равон шумори гирифторон ба вируси корона дар олам 130 миллиону 878 ҳазору 429 нафар эълон шуд. Шабонарӯзи гузашта 216 ҳазору 288 нафар чун сироятшудаи нав сабт шуданд ва аз ин беморӣ 5 814 нафар фавтиданд. Шумори ҷонбохтагон аз аввали ҳамагирӣ ба 2 миллиону 851 ҳазору 800 нафар расидааст.

Нидерландия эмкунии сокинони то 60-солаи худро ба воксани британиёиву шведии AstraZeneca манъ мекунад. Сабаби ин  таъсироти манфии он ва асароташ дар лахтшавии хун мебошад. 

1 – уми апрел котиби матбуотии вазорати тандурустии Эрон Симо Содот Лурӣ хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта аз коронавиурс дар ин кишвар 94 нафар фавтиданд ва шумори умумии марг бар асари ин беморӣ аз аввали ҳамагирӣ ба 62 759 нафар расид. Ин манбаъ гуфтааст, ки дар 24 соати сипаришуда 11 750 ҳодисаи нави сироят ба  COVID-19 сабт шуд ва 1371 нафари онҳо дар беморхонаҳо бистарӣ шуданд.   

Дар  Индонезия низ шумори гирифторон ба КОВИД-19 меафзояд. 

Раиси парламони Молдова Зинаида Гречаная ба роҳбарони давлати Русия барои дастрасӣ ба 180 ҳазор доза воксани зидди коронавируси «Спутник V» изҳори сипос кардааст.

Украина дар маргумир бар асари КОВИД-19 дар миёни ҳамаи кишварҳои аврупоие, ки беш аз 10 миллион ҷамъият доранд, дар ҷойи сеюм аст.  Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон дар ҷойҳои якум ва дуюм ва Руминия, Шветсия дар ин ҷадвал дар ҷойҳои чорум ва панҷуманд.

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 8792 сироятшудаи нав сабт шуд. Суръати рушди исироят 0,19% аст. Моҳи феврали соли 2021 COVID-19 дар Русия сабаби аслии марги 14 171 нафар эълон шуд, ки ин рақам аз як моҳи пеш 37,7% камтар аст. То 2 апрели соли равон дар Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар 462 сироятшуда ба коронавирус сабт шудааст. То ба имрӯз 419 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ бо воксани «Спутник V» эм карда шуданд. 

Дар Қазоқистон шабонарӯзи гузашта 2077 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Аз аввали моҳи март дар ин кишвар болоравии сироят ба ин вирус мушоҳида мешавад.  

5018 нафар сокинони Ӯзбекистон дар аввалин рӯзи эмкунӣ зидди коронавирус эм карда шуданд. 3147 нафари онҳо кормандони тибб ва шахсони аз 65-сола боло буданд. Дар шаҳри Тошканд 1651, дар вилояти Фарғона 467, дар вилояти Қашқадарё 389 нафар худро зидди ин вирус эм карданд. 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз ифтитоҳи 3 ҳазор нуқтаи эмкунӣ ба коронавирус хабар дод. Бино ба гуфтаи вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  марҳилаи аввали воксанзанӣ танҳо дар шаҳри Душанбе мегузарад ва марҳилаҳои баъдии он саросари кишварро фаро мегирад.