Нигаронии сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз камтаъсирии воксанҳо ба мутатсияҳои нави коронавирус

Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА шумори сироятшудагон ба коронавирус дар олам аз 134 миллион нафар гузашт. Аз ин беморӣ бештар аз 2,9 миллион нафар ҷон бохтанд. ИМА, Бразилия, Ҳиндустон ва Фаронса кишварҳое мебошанд, ки шумори бештари мубталоён ба ин вирус доранд. Русия дар ин рӯйхат дар ҷойи панҷум аст ва Британияи Кабир, Италия, Туркия, Испания ва Олмон дар идомаи рӯйхати даҳгонаи кишвраҳое мебошанд, ки гирифторонашон ба КОВИД-19 беш аз дигар мамолик аст.

Бар асари мутатсияи коронавирус таъсири мусбати воксани зидди он метавонад коҳиш ёбад. Дар ин бора рӯзи  9-уми апрели соли равон директори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус  изҳор дошт. Сарвари ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ гуфт, ки вирус хеле зуд мутатсия мешавад ва то кунун гунаҳои мухталифи он дар кишварҳои олам сабт шудааст.  

Фаронса ба занҳои ҳомиладор ҳақи интихоби намудҳои воксанҳои Moderna ва ё Pfizer-ро медиҳад, чун воксани  AstraZeneca танҳо барои афроди аз 55-сола боло иҷозати истифода дорад.

Дар Лаҳистон то кунун беш аз 7 миллион нафар худро зидди COVID-19 эм карданд.

Марҳилаи дуввуми санҷиши воксане, ки зидди коронавирус дар Туркия тавлид шудааст, ба анҷом расидааст. Ҳоло мақомот гуфтаанд, ки марҳилаи сеюми санҷиши он оғоз мешавад. 

8 – уми апрели соли 2021 президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ иброз дошт, ки кишвараш барои харидани воксан аз кишварҳои хориҷӣ мушкилӣ мекашад. Ҷумҳурии исломӣ дар суратҳисобҳои худ дар бонкҳои хориҷӣ асъори лозимро дорад, вале бар асари таҳримҳои ИМА онҳо ғайрифаъоланд.  

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 9150 ҳодаисаи нави сироят ба КОВИД-19 сабт шуд.

Қазоқистон  хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта 2440 мубталои нав ба коронавирусро ба қайд гирифт.  

Зарфи 24 соати гузашта дар Қирғизистон 151 ҳодисаи гирифторӣ ба  COVID-19 ифшо шудааст.

Дар Ӯзбекистон 83 076 нафар худро зидди коронавирус эм кардаанд.