Фаввораи вулқони Ла-Суфлиев ба ҳаёти беш аз 100 ҳазор нафар таҳдид мекунад (ВИДЕО)

Ҷазираи Сент-Винсент, воқеъ дар Кариб бонги изтироб мезанад. Аз ҷаҳиши фаввораи пуршиддати оташфишони Ла-Суфлиев бояд фавран беш аз 100 ҳазор нафар сокинони минтақаҳои ба он наздик ба маконҳои амн интиқол ёбанд. То ин лаҳзаҳо мақомот ба сокинон фармон додаанд, ки фавран аз макони хатар берун шаванд.

Фаввораи нави оташ гудозаҳои доғро то ҳудуди 6 километр партов кардааст ва то кунун бештар аз 16 ҳазор нафар хонаҳои худро тарк кардаанд.

Ин кӯҳи оташфишон даҳҳсолаҳо ба инҷони хомӯш буд, аммо нахустин нишонаҳои дубора фаъол шудани он дар моҳи декабри соли гузашта мушоҳида шуда буд. Ин фаъолиятҳо аз ҳафтаи гузашта афзун шуд, ба ҳадде ки мақомоти маҳаллӣ ночор шуданд ба сокинон дастури фирор аз минтақаро диҳанд.

Ралф Гонсалвес, сарвазири Сент-Винсент ва Гренадин гуфтааст, ки аҳолие, ки дар минтақаҳои ба истилоҳ сурх дар қисмати шимолу ғарбӣ ва шимолу шарқии ҷазира зиндагонӣ мекунанд, бояд фавран маконҳои худро тарк кунанд. Зеро ин вулкан то кунун бештар дуд ва гудозаҳои оташин партов мекунад. Вай дар иттилои худ гуфтааст, ки “ҳоло дар кишвар фармони эвакуатсия дода шудааст ва мақомоти марбута масъули иҷрои ин амр шудаанд. 

Гуфтанист, ки дар минтақаи мавриди назари сарвазир бештар аз 100 ҳазор нафар зиндагонӣ мекунанд ва ин вулкан аз соли 1979 ба инҷониб хомӯш будаву ҳатто аз мавҷудияти худ тӯли ин солҳо дарак ҳам надодааст.

Сокинони ин марзу бум аз фаъол шудани ин вулкан тарсу ваҳми зиёд доранд, чун дар гузашта он ба сари мардум фоҷеаҳои зиёд овардааст.

Дар натиҷаи фаъол шудани он дар соли 1902 беш аз 1000 нафар ба ҳалокат расида буданд.

Дар умум бино ба таҳқиқотҳои ахир ин вулкан то ба имрӯз 160 маротиба шадидан фаъол шуда будааст. Аз фаввораи оташфишон дар солҳои 1718, 1812, 1902, 1971, 1979 ва ҳоло 2021 маълумотҳо вуҷуд доранд.

барчасп: