КОВИД-19: Қирғизистон барои харидани воксани русии “Спутник-V” пул надорад

Кишварҳое чун ИМА, Ҳинд, Бразилия,Туркия, Фаронса, Лаҳистон, Эрон,  Аргентина, Олмон ва Украина ҳамоно дар даҳгонаи давлатҳое мебошанд, ки сироятшудаи бештар ба коронавирус доранд.

Дар Олмон шумори сироятёфтагон аз 3 миллион нафар гузашт.

Дар Британияи Кабир маҳдудиятҳои зиддикоронаӣ тадриҷан лағв мешаванд. Аз рӯзи 12-уми апрели соли равон мағозаҳое, ки ба тиҷорати маводи ниёзи аввал машғул нестанд, низ ба кор оғоз мекунанд. Варзишгоҳҳо, сартарошхонаҳо, боғҳои ҳайвонот, поркҳои дилхӯшӣ, китобхона ва кинотеатрҳо дарҳои худро боз карданд. Ғайр аз ин ба қаҳавахонаву тарабхонаҳо иҷозат дода шуд, ки дар берун аз бино, дар ҳавои кушод низ муштариёни худро пазироӣ кунанд. Шаҳрвандон ҳоло иҷозат доранд ба меҳмонӣ раванд, шабона ҳам дар меҳмонӣ бимонанд.

Туркия интизори ҳайати Русия барои арзёбии вазъи коронавирус дар минтақаҳои сайёҳии ин кишвар аст.  

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон 23,3 ҳазор нафар ба коронавирус сироят шуданд.  

Арманистон барои эмкунии кормандони тибб, муассисаҳои иҷтимоӣ аз воксани русии  «Спутник V» истифода мекунад. 

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 8320 нафар мубталои нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд.  

Вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон Алимқадир Бейшеналиев гуфт, ки аз буҷаи ин кишвар барои аз Русия харидани воксани русии «Спутник V» 215 миллион сом (196 миллион рубл) намерасад. Аз ин рӯ, то ба ҳол муоҳада миёни ду кишвар дар мавриди таъмини Қирғизистон бо ин навъи воксан имзо наушдааст.

11-уми апрели соли равон дар Ӯзбекитон боз 192 сироятшудаи нав ба КОВИД-19 сабт шуд ва 183 нафар шифо ёфтаанд. Бештари сироятшудагон дар шаҳри Тошканд (120 нафар) ва вилояти Самарқанд (24 нафар) мебошанд.