Шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ба 2 миллиону 972 ҳазору 992 нафар расидааст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори олудашудагон ба коронавирус дар оламро 138 миллиону 057 ҳазору 338 нафар эълон кард. Шабонарӯзи гузашта боз  230 ҳазору 922 нафар мубталои ин вирус шуданд ва 7 167 нафар ҷон бохтанд. Аз аввали ҳамагирӣ дар олам 2 миллиону 972 ҳазору 992 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.  Ин манбаъ гуфтааст, ки то ба имрӯз 111 миллиону 087 ҳазору 366 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Зарфи шабонарӯзи гузашта дар ИМА беш аз 70 234 нафар сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар миёни иёлотҳо Мичиган дар ҷойи аввал аст. Дар 24 соати гузашта дар ин иёлоти ИМА 10 553 мубталои нав сабт шудааст. Дар иёлоти Королинаи Шимолӣ 5655 ва дар Ню-Йорк 5631 нафар.

Фаронсавиҳо метавонанд аз мошин берун нашуда худро зидди коронавирус эм кунанд. Дар ин бора рӯзи 13-уми апрел Le Parisien истинодан ба агентии минтақавии тандурустии Окситан хабар дод.  

Дар Британияи Кабир шабонарӯзи гузашта 2472 ҳодисаи сирояти нав ба коронавирус сабт шудааст.

Ҳукуматдорони Туркия ба сабаби авҷи бесобиқаи сироят ба КОВИД-19 чораҳои маҳдудкунандаи иловагӣ меандешанд. Қуюди шабгардӣ ба муддати ду соат тамдид шуд. Акнун аз соати 19:00 то 05:00 дар кӯчаҳо гардиш кардан манъ аст. Ҳукумат ба қароре омад, ки гаштугузори шахсони аз 20-сола поён дар хиёбону гулгаштҳоро маҳдуд кунад ва ба касони аз 65-сола боло иҷозат надиҳад, ки аз нақлияти ҷамъиятӣ истифода кунанд. Дар ҳаракатҳои байнишаҳрии нақлиёти маҳаллӣ низ як силсила маҳдудиятҳо ҷорӣ шудааст. Ҳамаи ин чораву тадбирҳои иловагӣ аз имрӯз, 14-уми апрел ҳукми қонун мегиранд.

Исроил барномаи эмкунии сайёҳони хориҷӣ зидди коронавирусро аз 23-уми май оғоз мекунад. 

Вуруди шаҳрвандони Русия ба Қатар ба иллати авҷи коронавирус манъ шудааст.

Зарфи шабонарӯзи гузашта дар Русия 8173 ҳодисаи нави сироят ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шудааст. 

384,3 ҳазор сокинони Қазоқистон аввалин дозаи воксани коронавирусро дарёфт кардаанд.   Вазорати тандурустии Қазоқистон аз сирояти боз 2016 нафар ба коронвирус хабар дод. Бино ба гузориши ҳамин манбаъ аз оғози ҳамагирӣ дар Қазоқистон 273 825 нафар ба вируси корона олуда шуданд. 

Қирғизистон аз 227 гирифтори нав ба COVID-19 хабар дод. Аз аввали ҳамагирӣ шумори мубталоён ба ин вирус дар Қирғизистон ба  90 599 расидааст.

Дар Ӯзбекистон 216 087 нафар худро зидди коронавирус эм кардаанд, ки ин 0,6 дарсади аҳолии ин кишвар мебошад. Дар миёни минтақаҳо бештар сокинони филоятҳои Фарғона (39,3 ҳазор) ва Андиҷон (25,3 ҳазор) худро эм кардаанд.