Дар минтақаи Ҳисор таҷҳизоти нави радарии Хадамоти зидди жолаи Кумита ба истифода дода шуд (ВИДЕО)

3 –уми августи соли 2021 бо ширкати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи ҷашнвораи 30-солагии Истиқлоли кишвар ва бо мақсади татбиқи лоиҳаи муштараки КҲФ ва БОР дар ҷамоати деҳоти Шӯроби Искандари шаҳри Ҳисор таҷҳизоти муосири радиолакатсионии тамғаи ​​DMRL - C - 5 ва маросими ифтитоҳи бинои тозатаъмири шуъбаи Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудоифиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин маросим Раиси КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, сарварони иддае аз ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, сафоратхонаҳо, созмонҳои байналмилалии муқими кишвар иштирок намуданд. 

Дар рӯнамоии таҷҳизоти радиолакатсионӣ ба он таваҷҷуҳ карда шуд, ки ин таҷҳизот объекти муҳим дар системаи пешгӯӣ ва пешгирии омилҳои хатарноки метеорологӣ ба шумор рафта, барои ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ, боғу роғ, ангурзорҳо ва дигар зироатҳо аз жола пешбинӣ шудааст.

Зимни суханронии худ дар назди ҷамъомадагон Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода зикр намуд: “пешбиние, ки ин таҷҳизот ироа мекунад, на танҳо кормандони хадамоти зидди жола истифода мекунанд, балки Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ва дигар вазорату идораҳои дахлдор истифода хоҳанд бурд. Ин ҳама барои ҳифзи ҳам аҳолӣ ва ҳам зироатҳои кишоварзӣ равона шудааст”.

“Ин таҷҳизот аз имкониятҳои васеъ бархурдор буда, назорат аз роҳбурдии лозимро дар масофаи ҳаддиаксар то 250 километрро фароҳам мекунад ва  маълумотро фавран қабул ва интиқол медиҳад. Ҳамзамон, он мизону миқдори барфи ҷамъшуда, ях, инчунин андоза, шакл, намуди абрҳо, намуди боришот, мавҷудияти жола ва дараҷаи гуногунии онро муайян мекунад ”- таъкид кард  коршиноси байналмилалии лоиҳаи КҲФ ва БОР ҷаноби Рассел Боалс.

Директори кишварии БОР дар Тоҷикистон хонум Шанни Кебпл зикр намуд, ки таҷҳизоти радиолакатсионӣ метавонад шиддати боришро муайян кунад ва дар асоси он мутахассисон дар маҳалҳо метавонанд ҷойи сел, обхезӣ, жола ва бодҳои сахтро аз қабл пешбинӣ намоянд. 

Таҷҳизоти радарӣ дар доираи Лоиҳаи миллии идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути КҲФ амалӣ карда мешавад, харидорӣ карда шуд.