Гирифторон ба Covid-19 дар олам ба 201 миллион наздик шудааст. Чин вуруду хуруҷро дубора манъ кард

Шумори сироятшудагон ба коронавирус дар олам ба 200 миллиону 815 ҳазору 159 нафар расид. Чун рӯзҳои пеш ИМА, Ҳинд, Бразилия, Русия, Фаронса дар панҷгонаи кишварҳое мебошанд, ки аз ҳама бештар гирифтрон ба  Covid-19 доранд.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тақрибан 93,4 дарсади сироятшудагон ба гунаи “Делта” сироят шудаанд. Дар ин бора рӯзи 4-уми августи соли равон Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА хабар дод. Дар баъзе иёлот, масалан дар Айов, Канзас, Миссури ва Небраск нишондиҳандаҳо болотаранд.  Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи март сироят ба навъи “Делта” дар ИМА ҳамагӣ 3% буд.

Дар Британияи Кабир наврасони 16-17-сола низ зидди коронавирус ваксин хоҳанд гирифт. 

Испания ҳоло ҳам танҳо барои он гурӯҳ гардишгарони дарҳои худро боз кардааст, ки худро бо вакиснаҳое, ки Агентии дорувории Аврупо иҷозат додааст ва ё Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тасдиқ кардааст, эм кардаанд. 

Исроил рӯйхати кишварҳоеро, ки шаҳрвандонашон баробари ба қаламрави ин кишвар ворид шудан чораҳои иловагии бехатарии зиддикоронаиро бояд риоя кунандро густариш медиҳад. Комиссияи кнессет (парламони Исроил) рӯйхати 18 кишвареро, ки аз мақоми “сабз” ба “сурх” гузаронида мешаванд, тасдиқ намуд. Ин ба он маъност, ки афроди аз ин кишварҳо воридшавандаро зарур меояд чанд рӯз то дақиқ шудани натиҷаи тест дар карантин бимонанд. Ҳамакнун кишварҳое чун Аргентина, Белоруссия, Булғористон, Ботсвана, Британияи Кабир, Гватемала, Олмон, Гондурас, Юнон, Гурҷистон, Миср, Замбия, Зимбабве, Исландия, Испания, Ҳинд, Италия, Қибрис, Қирғизистон, Колумбия, Куба, Малави, Мексика, Муғулистон, Мянмор, Намибия, Нидерладия, АМА, Русия, Руандо, ИМА, Танзания, Тунис, Туркия, Узбекистон, Украина, Фаронса, Чехия, Эсватини, ҶАҶ шомили ин рӯйхат шудаанд. 

Шабонарӯзи гузашта дар Туркия боз 26 822 ҳодисаи нави сироят ба коронавирусро ба қайд гирифтанд. Аз аввали моҳи май ин аввалин омори бештари мубталоёни нав дар як шабонарӯз аст.

Ҳинд масъалаи иҷозати ба ҳам овардани ду вакисина: "Спутник V"-и Русия ва Covishield-и ҳиндиро барарсӣ мекунад. 

Чин хуруҷ ва вуруд ба ин кишварр бинобар сабаби афзоиши мубталоён ба коронавирус дар олам боздошт.   

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ошкор шудани боз 71 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ва шифо ёфтани 79 нафар хабар дод. Ин ниҳод иттилоъ дод, ки аз аввали ҳамагирӣ дар кишвар 15 364 ба ин вирус гирифтор шуда, 14 867 нафар (96,8%) муолиҷа шудаанд ва 121 нафар ҷон бохтаанд.

Вазорати тандурустӣ ҳамчунин аз ваксина гирифтани бештар аз 1 миллион нафар сокинони кишвар хабар дод.